|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
ДАҚИҚӢАбӯмансур Муҳаммад ибни Аҳмад Дақиқӣ (ваф. 978 милодӣ) дуюмин шоирест, ки ба назми «Шоҳнома» шурӯъ кард, вале бемаҳал кушта шуд ва кори пешгирифтааш нотамом монд. Ӯ дар дарбори амирони Чағониён ва Сомониён хидмат кардааст. Пеш аз Дақиқӣ Масъуди Марвазӣ манзумаи хурде аз қиссаҳои «Шоҳнома» таълиф карда буд. Дақиқӣ нияти таълифи китоби бузургеро дар пеши худ гузошта буд. Ҳазор байти эҷодкардаи Дақиқиро дар бораи Гуштосп Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ ҷой додааст, ки ба ин восита онҳо то замони мо боқӣ мондаанд. Дақиқӣ дар қасида ва ғазал низ устод буд ва аз ин навъи ашъори ӯ ҳам намунаҳо боқӣ мондааст, ки дар ин ҷо оварда мешавад.
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|