|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
ДАЙЛАМИИ ҚАЗВИНӢДайламии Қазвинӣ шоири асри Х ва оғози асри XI ва маддоҳи подшоҳони Оли Бӯя будааст. Фасеҳии Хофӣ дар «Муҷмал» ва Саъолибӣ дар «Татимматул-ятима» байтҳои арабии Дайламиро низ овардаанд. Мо дар ин ҷо як ғазали ҳафтбайтии шоирро зикр менамоем:
Ҳамранги май лабонашу ҳамранги гул қабой, Бар даст май ниҳодаву бар гул ниҳода пой. Бӯи баҳор ёфта аз дасти ӯ набид, Бӯи биҳишт ёфта аз нури ӯ сарой. Омад ба сони моҳу май овард чун Суҳайл, Дидӣ Суҳайл дар қадаҳу моҳ дар қабой? Эй чун хирад бадеъ, валекин хирадситон, Эй чун равон латиф, валекин равонрабой. Кабки харирсинаву гӯри сумансурин, Сарви шаробхораву моҳи ғазалсарой. Ҷузвию куллӣ аз ду бурун нест, ончи ҳаст, Ҷузвӣ ҳама ту бахшию куллӣ ҳама Худой. Ман аз Худою аз ту ҳамехоҳам ин ду чиз, То ӯ туро бақо диҳаду ту маро қабой.
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|