Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu
News
History of committee
Action of committee
The committee workers
Lexicograhpy
Articles
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

Забон рукни асоситарини давлатдорист..

Раванди ба истиқлолу соҳибихтиёрӣ расидани ҷумҳурии тоҷикистон як марҳилаи мушкили давраи навини таърихи тоҷикистон аст. Мардуми тоҷикистон дар давраи муҳокима ва қабули қонуни забон ба таври возеҳу равшан рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва озодихоҳии худро нишон доданд. Метавон гуфт,ки муҳокима ва қабули қонуни забон давраи аввали ба истиқлол расидани тоҷикистон аст. Дар ин ҷараён ҳам мардуми зиёии тоҷик ва ҳам вакилони халқ ва ҳам ҳукумати онвақтаи тоҷикистон якпорчагиву якмаромии хешро баръало маълум намуданд ва дар атрофи манфиатҳои волои миллии хеш ҳамфикру муттаҳид гардиданд. ҳол он ки давраҳои баъдинаи паёми сиёсиву иҷтимоии тоҷикистон ин хусусиятро доро набуд ва ҳамин ҳамдигарнофаҳмиву мансабталошӣ тоҷикистонро ба ҷанги бародаркушӣ тела дод. Дар партави қабули қонуни забон моҳи сентябри соли 1990 дар назди академияи илмҳо бо қарори шӯрои вазирони тоҷикистон кумитаи истилоҳот таъсис ёфт. Яъне кумитаи истилоҳот низ як сол қабл дар моҳи эълон гардидани истиқлоли тоҷикистон ташкил шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии таъсисёбии кумитаи ислоҳот ба тартиб овардани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва татбиқи қонуни забон мебошад. Дар муддати се соли мавҷудияти кумитаи истилоҳот кормандони он дар тамоми чорабиниҳо ва тадбирҳое, ки аз тарафи шӯрои вазирон амалӣ мегардид, фаъолона ширкат варзиданд. Махсусан назорати татбиқи қонуни забон ва таҳияи фарҳангу луғатҳои истилоҳӣ мақсади асосии фаъолияти кумитаи истилоҳот гардид. Аслан истилоҳот ва истилоҳсозӣ дар забони тоҷикӣ таърихи қадима дошта, яке аз унсурҳои асосии пешрафти забон ҳамчун забони давлатӣ ва расмиву коргузорӣ мебошад. Тавре ки маълум аст, забони форсии тоҷикӣ ҳазор сол аст, ки дорои як системаи муназзами истилоҳот буд ва коргузорӣ дар девондории аксари салотину подшоҳон аз давраи тоҳириёну сафавиён сар карда ба забони форсӣ сурат мегирифт. Дар замони ҳукмронии сулолаи манғитиён дар аморати бухоро низ забони тоҷикӣ дар баробари туркии чағатоӣ, забони расмии давлат буд. Баъд аз инқилоби бухоро ва барқарор шудани сохти шӯравӣ дар қаламрави он ва таъсис ёфтани ҷумҳурии худмухтори тоҷикистон забони тоҷикӣ дар ин ҷумҳурӣ дар баробари забони ӯзбекӣ забони расмии давлатӣ эълон гардид. Ва ҳамин давра марҳилаи нави истифодаи забони тоҷикӣ (форсӣ) дар идораҳои давлатӣ шурӯъ гардид, ки то ба имрӯз идома дорад. Ин давра дорои хусусиятҳои хоси худ аст. Дар солҳои бист то соли 1929, яъне то иваз шудани алифбои арабӣ бо алифбои лотинӣ забони форсии тоҷикӣ пайванди мустаҳками худро бо давраи пеш аз инқилоб рушди забон нигоҳ дошта, инкишофи он хусусияти табиӣ дошт. Дар ин давра дар баробари ворид шудани калимаҳои русиву аврупоӣ дар забони тоҷикӣ истилоҳҳои наве пайдо шуданд. Аз қабили шӯрои вазирон, ҷумҳурӣ, ҷумҳурии мухтор ва ғайра. Ин истилоҳҳо мувофиқи нормаҳои забони тоҷикӣ сохта шуда, характери табиӣ доштанд. Инчунин калимаҳо ва истилоҳҳои русиву аврупоӣ, ки ба забони тоҷикӣ дохил мешуданд, ба меъёрҳои талаффузи забон, яъне савтиёти он мувофиқ гардонда мешуданд (комитет-кумита, октябр-уктобир ва ғ.). Дар ин давра истилоҳсозӣ ба таври маълум сурат гирифта, барои ифодаи маъноҳои нав аз калимаҳои тоҷикиву арабӣ ба таври васеъ истифода мешуд, яъне захираи бои фонду таркиби луғавии забони тоҷикӣ пурра ба кор мерафт. Баъд аз қабули алифбои лотинӣ ва баъд аз чанде гузаштан ба алифбои сириллӣ (1940) дар забони тоҷикӣ калимаҳои русиву аврупоӣ зиёд шуд ва доираи истифодаи истилоҳҳои хоси забони тоҷикӣ хеле маҳдуд гардид. Дар ин давра истилоҳсозии забони тоҷикӣ ба монанди дигар забонҳои «халқҳои бародари советӣ» зери таъсири забони русӣ афтод. Таҳти фишори ҳамгунсозии он шурӯъ гардид. Дар рӯзномаи «тоҷикистони сурх» (8.08.1936) «установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» чоп шуд, ки он равиши баъди истилоҳсозиро дар забони тоҷикӣ муайян намуд. Дар ин «установка» қатъӣ талаб мешуд, ки ба муқобили ҳаргуна зуҳуроти «миллатчигии маҳаллӣ, буржуазӣ» ва ҳамчунин ба муқобили майлу қасдҳои шовинизми олимақомӣ, ки терминҳои забони тоҷикро ба терминҳои русӣ ва ё дигар забон иваз кардан мехоҳад, муборизаи қатъӣ бурда шавад. Вале дар асл ин установка ба дохил шудани калимаҳои русӣ-аврупоӣ роҳи васеъ кушод ва онро қонунӣ гардонид. Дар моддаи 5-уми он гуфта мешавад,ки «дар забони тоҷикӣ муқаррар кардани терминологияе, квартира дар шароити сохтмони сотсиалистӣ инкишоф карда мафҳумҳои шаклҳои нави меҳнат моментҳои муборизаи синфӣ, ҳаракати инқилобӣ, сохтмони сотсиалистӣ ва ҳоказоҳоро ифода кунад, умуман терминологияи илмҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ бояд асосан бо роҳи қабул карда шудани терминологияи интернатсионалӣ ва советӣ пеш равад». Ин установка муқобили истифодаи истилоҳҳои «моддият-материализм» худҷӯш-самовар, пешоҳанг-пионер, сарнишин-пассажир, маҳви бесаводӣ- ликбез, инқисор-монополия, маърака-компания, сарборӣ-нагрузка ва теъдоди зиёди калимаҳои хоси форсии тоҷикӣ баромад. Маҷрое, ки дар асоси ин «установка» пеш гирифта шуд, бо баъзе пешрафтҳову каҷравиҳо то ибтидои солҳои 60-ум идома ёфт, ки дар натиҷа забони форсии тоҷикӣ аз калимаҳову истилоҳҳои аврупоиву русӣ пур гардид.албатта, навовариҳои илмиву техникӣ бе тағйирот ба забони тоҷикӣ дохил шуданд. Ворид шудани ин гуна вожаҳо ба таркиби луғавии забон яке аз роҳҳои асосии ғанӣ гаштани забон аст. Вале, мутаассифона ҳангоми ворид сохтани ин гуна истилоҳҳо аз нормаҳо ва махсусан аз меъёрҳои савтиёти забони форсии тоҷикӣ сарфи назар шуд. Ин саҳлангорӣ ё ба таври дигар дидаву дониста сарфи назар кардан аз қоидаҳои сарфу наҳви забони точикӣ ба он оварда расонд, ки имрӯз ҳатто як қисми зиёиёни тоҷик матбуоти тоҷикро дуруст намефаҳманд. ҳол он ки вожаҳое, ки имрӯз дар рӯзномаҳо ва радиову телевизион истеъмол мешаванд, аксаран ҳамон калимаҳое ҳастанд, ки 40-50 сол пеш таҳти таъсири «установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» ва русикунонии истилоҳот аз онҳо даст кашида будем. Баъд аз солҳои 60-ум оҳиста-оҳиста равияи эҳёи маданият ва рӯ овардан ба таърихи гузаштаи хеш оғоз гардид.ин раванд ба принсипҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ низ бетаъсир намонд. Инро мо дар «принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ», ки соли 1971 ба шакли китобча чоп шудааст, дида метавонем. Ин китобчаро кормандони кумитаи истилоҳот, ки бо қарори шӯрои вазирон моҳи июни соли 1960 дар назди академияи илмҳо таъсис ёфта буд, таҳия ва чоп кардаанд. Дар моддаи аввали ин китобча омадааст: 1. «истифода кардани таркиби луғавӣ ва воситаҳои грамматикии забони тоҷикӣ, аз ҷумла ба таври васеъ ба кор бурдани калимаҳои тоҷикие, ки маънои он терминро пурра ифода мекунанд». Таҳиягарони ин китоб нисбат ба таҳиякунандагони «установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» дар истилоҳсозиву тартибу таҳияи луғатҳои соҳавӣ бештар ба равиши илмӣ даст зада кӯшиш кардаанд, ки усулияти илмӣ дар таҳияи истилоҳот ва аз принсипҳои сиёсӣ сарфи назар шавад. Махсусан, ин равиши онҳо дар соҳаи астрономия баръало маълум мешавад. Онҳо менависанд, ки «азбаски илми нуҷум дар осиёи миёна аз давраҳои қадим хеле равнақ дошт, терминҳои он на фақат дар байни олимони он давра хеле паҳн шуда буданд, балки шоирону нависандагони мо низ дар давоми асрҳо ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам дар адабиёти советӣ ин терминҳоро бисёр кор фармудаанд. Аз ин рӯ, мо таклиф дорем, ки терминҳои мазкур ба шакле қабул карда шаванд, ки дар асарҳои илмӣ ва адабии тоҷикон вомехӯранд». ҳамин тариқ, «принсипҳои асосии истилоҳсозии забони тоҷикӣ» дар баъзе соҳаҳо ба истифодаи вожаи асосии тоҷикӣ роҳи васеъ кушод, вале дар баъзе риштаҳои дигар, хусусан дар соҳаи илмҳои дақиқ истилоҳҳо бетағйир монданд. Инчунин дар риштаи улуми иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ таҳиягарони «принсипҳо» ба баъзе ақибравиҳо роҳ доданд. Масалан, истифодаи бетағйири калимаи «совет» дар маъноҳои «совет», «совет-союза», «совет национальностей», «сельский совет». Охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90 дар таърихи фарҳангии тоҷик давраи таҳаввулоти фарҳанг маҳсуб мешавад. Дар ин давра дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикистон дигаргуниҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар яки онҳо таҳқиқу баррасии амиқи сиёсӣ мехоҳанд. Бар асари бозсозиву ошкорбаёнӣ дар тамоми риштаҳои ҷомеа ва аз ҷумла дар фарҳангу илм ҳам ҳақиқатнигорӣ, такя бар усулҳои ҳақиқатан илмӣ шурӯъ гардид.равияи зинда кардани расму русуми қадима, анъанаҳои бостонӣ ва пос доштани осори гузаштагону ниёгони мо ба таҳкими нақши забони модарӣ дар омӯзишу парвариш ав корбарии ҳаррӯза оварда расонд.натиҷаи ин бедордилӣ қабули қонуни забон аз тарафи шӯрои олӣ гардид. Аввалин бор дар таърихи мардуми осиёи миёна миллати тоҷик, ҳукумати тоҷикистон, забони миллии худро забони давлатӣ эълон намуд. Азбаски забон яке аз рукнҳову нишонаҳои асосии давлатдорӣ мебошад, қабули қонуни забон қадами нахустин барои соҳиб шудан ба истиқлолият буд. Барои татбиқи моддаҳои қонуни забон, ҷорӣ кардани коргузории расмӣ ва таҳияи фарҳангҳои истилоҳотӣ як сол баъд аз қабули қонуни забон дар моҳи сентябри соли 1990 бо қарори шӯрои вазирон кумитаи истилоҳоти тоҷикистон таъсис ёфт. Ин кумита дар муддати се сол ба қадри имкон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Кормандони он бо фармоиши шӯъбаи забон ва илми шӯрои вазирон танҳо ибтидои соли гузашта татбиқи қонуни забонро дарг вазорату идораҳои муҳими ҷумҳурӣ тафтиш намуданд. То ин дам якчанд луғати соҳавӣ таҳия, таҳрир ва ба чоп омода гардид. Ба душвориҳои молиявӣ нигоҳ накарда «фарҳанги мухтасари истилоҳотии вазорати алоқа», «фарҳанги мухтасари истилоҳоти коргузорӣ» чоп шуданд. ҳоло болои фарҳангҳои истилоҳоти бинокорӣ равонпизишкӣ, саноати роҳсозу физика кор идома дорад. Баъзе аз онҳо ба чоп тавсия шуданд. Кормандони кумитаи истилоҳот дар муҳокимаву баррасиҳои татбиқи қонуни забон фаъолона ширкат мекунанд. Танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ бо саъю кӯшиши кормандони кумита дар рӯзномаҳо ва маҷаллоти ҷумҳурӣ 12 мақолаи илмӣ ва оммавӣ дар иртибот ба мавзӯи истилоҳоти забони тоҷикӣ ба табъ расид. «фарҳанги истилоҳоти коргузорӣ» дар остонаи ҷашни истиқлоли тоҷикистон ба табъ расид. Дар таҳияву чопи ин китоб ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шудем. Мувофиқи қарордоде, ки бо корхонаи хурди давлатии «симурғ»-и назди вазорати матбуот ва ахбор имзо кардем, маблағи умумии чоп 2305 ҳазорро ташкил дод. Мо ин маблағро аз фонди татбиқи қонуни забони шӯрои вазирон гирифта ба онҳо супурдем. Ин корхона мебоист то аввали соли 1993 китобро чоп мекард. Вале ҳаводиси соли гузашта ба ин кор халал расонд. Инчунин муассисаи чопгар ҳам корро саҳлангорӣ карда хеле кашол дод. Оқибат вақте ки китоб ба чоп тайёр шуд, онҳо аз мо боз як миллиону бист ҳазор сӯм талаб карданд. Маҷбур шудем, ки ба корхонаҳои хусусӣ муроҷиат кунем, зеро дар фонди татбиқи қонуни забони шӯрои вазирон ин қадар маблағ ба мо дода наметавонистанд. Ниҳоят аз як корхонаи хусусӣ ин маблағро пайдо кардем ва китобҳоро харидем. Албатта, дар остонаи ҷашни истиқлол аз шароити кору маблағ шикоят кардан кори хуб нест. Вале, чӣ илоҷ, аз воқеият ҷои гурез нест. Кормандони кумита то ба ҳол ҷои кор надоранд. Дар як утоқ 6 нафар нишаста кор мекунем. Ба ғайр аз фонди маош кумита дигар маблағе надорад, ки мутахассисони варзидаро ба кори таҳияву тайёр кардани луғатҳои истилоҳӣ ҷалб намояд. Маоши кормандон ҳам дар шароити имрӯза ба хӯроки онҳо намерасад. Вале дунё ба умед аст. Имрӯз бо саъйу кӯшиши ҳукуматдорон вазъи шаҳри душанбеву ҷумҳурӣ ба эътидол омадааст. Умед бар он дорем, ки дар хоки тоҷикистон сулҳу осоиш ҳукмфармо мешавад ва ҷашни дар пешистодаи истиқлолияти тоҷикистон дар якдигарфаҳмиву баҳамоии мардуми тоҷик нақши густурдае хоҳад бозид. (паёми душанбе, 3 августи с.1993).
Дигар мақолаҳо:
Қоидаҳои созиш..
Истилоҳофаринӣ гуфта дар забонҳои муосири муқтадири илмӣ (инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, русӣ ва чанди дигар) раванди номгузорӣ кардани мафҳумҳои нави илмиро ҳамвора бо рушди соҳаҳои гуногуни илм фаҳмида мешавад. Пайдост, ки дар дигар забонҳои миллии мавҷуд дар ҷаҳон (зиёда аз 2000 забон) истилоҳоти забони миллӣ бар пояи ин забонҳои аз ҷиҳати истилоҳофаринӣ пешрафта ба вуҷуд оварда мешавад. Як роҳи асосии ба вуҷуд овардани истилоҳоти миллӣ тарҷума кардани муодилҳои истилоҳоти забонҳои муқтадири илмӣ мебошад. бештар>>
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ..
Таркиби луғавии ҳар як забони миллиро чун манзумаи мураккабе муойина кардан мумкин аст, ки бунёдии онро дар баробари луғати оммавӣ (яъне калимаву ибораҳое, ки дар гуфтору навиштори ҳамарӯзаи одамон новобаста ба фаъолияти тахассусиашон истеъмол мешаванд), ҳамчунин луғати махсусе ё худ вежалуғат ташкил медиҳад, ки истеъмоли умум надорад. бештар>>
 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj