Асари мир нахоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон,
Мир хоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон-дар асаро.Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон,
Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро!
Қасам бар он дили оҳан хӯрам, ки аз сахтӣ
Ҳазор тарҳ ниҳодаст санги хороро,
Ки аз ту ҳеҷ мурувват тамаъ намедорам,
Ки кас надида зи сангиндилон мадороро.
Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лахте,
Нишинӣ бар мазорам сӯгворо.
Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро.
Агарчи хомӯш мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман бар вай гардад офарини туро. Кас фиристод ба сир-андар айёр маро,
Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро. Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам,
Ки номи неки ту дом асту зарқ мар нонро.
Касе, ки дом кунад номи нек аз пайи нон,
Яқин бидон ту, ки дом аст нон-ш мар ҷонро! Страница 1/25 |