|
Ман намемирам
ҶОНКАНИИ БОғ Надонистем, ҳайфи мо,
Нафаҳмидем, ҳайфи мо,
Ки тӯфон аз чи сӯе
бо чӣ қасду бо чӣ нируе
ба сӯи боғи мо тӯфид?
Ва аз чӣ маҳз сӯи боғи мо тӯфид?
Яке дар инҳисори даҳшати тӯфон
Тамоми боғро дидем:
Ҳар як реша,
Ҳар як барг ҷон меканд
Зи ҷӯи боғ хун мерафт.
Дарахтон решакан
уммеди имдод аз худошон буд,
Ва ҳам уммед аз мову шумошон буд.
Валекин боз ҳам бӯе набурдем аз заволи боғ,
Зи шоху баргҳои хунчакони ҳар ниҳоли боғ.
Чу гурги гушна ту з-он сӯ,
Чу хирси гушна ман з-ин сӯ
Табарҳо,
Тешаҳову арраҳо дар даст
Дарахтони зи пой афтодаро так-так
шикастему
буридему
кафондем,
Ба сӯи хонаҳои худ кашондем
Ва гӯё дар амон мондем.
Ва андар хилвати шабҳо
Табақҳову сатилҳову лаганҳо
пур зи хокистар
Ба сӯи боғ мерафтем.
Пас аз чанде замини боғ
шуд як тӯда хокистар,
Ки бо як пуф барад аз ҷой тӯфонаш,
Кунад ҳар сӯ парешонаш...
Надонистӣ,
Надонистам,
Надонистем,
Надонистему донистан натонистем,
Ки аз чӣ боғи мо омоҷгоҳи қасди тӯфон шуд?
Ки аз чӣ боғи мо ҳарвонагоҳи дасти тӯфон шуд?
Кунун,
эй хок бар сармон!
Ба рӯи мушти хокистар
Ману ту орзу дорем
боғи тозае корем...
Худовандо, чӣ бенангем,
Худовандо, чӣ беъорем! феврали 1996 – Бемористони дил
|