|
Ман намемирам
* * * Он чунон гоҳ меравам аз худ,
Ки замину замон намедонам.
Он қадар гаҳ ба хеш меоям,
К-аз ҳама бехудӣ пушаймонам.
Яктана ҷанг мекунам бо даҳр
Дар ҷаҳони тафаккуру розам.
Мезанам дод, мекунам фарёд,
Бесадо бо тамоми овозам.
Ман хамӯшам, валек метаркам
Ҳамчу санге зи гармии хуршед.
Чун замин гоҳ-гоҳ меҷунбам,
Мекунам сӯи ғофилон таҳдид.
Ки ман он қадр нестам хомӯш,
Ки ман он қадр нестам хунсард,
Гар маро дидаед бемиқдор,
Нестам беҳамияту бедард!
Зиндагӣ – корзори суду зиён,
Ҷанги рӯҳу мазоқу афкор аст.
Дар назар ҷумла зиндаанд, вале
Эй аҷаб нимкушта бисёр аст.
Бехабар бар набардгоҳи ӯ
Омадам бесилоҳу беиспар.
Будам он қадр пурдилу мағрур,
Будам он сон ҷавони худбовар.
Рӯз аз рӯз лек мебинам,
Ки маро зиндагӣ муназзаҳ кард.
Ки маро бо худам шиносонид,
Аз сиёҳу сафед огаҳ кард.
Булфузуле чу бенишонам хонд,
Шуд намудортар нишонаи ман.
Аблаҳе гар даричаам бишкаст,
Тозатар шуд ҳавои хонаи ман.
Ман дар ин корзори бедовар
Аз касе ҳеҷ гаҳ наметарсам.
Меравам, меравам ба сад оҳанг,
Аз хаму печи раҳ наметарсам.
Аз тунукмоягон надорам бок,
Гарчи сад тири кинаам бирасад,
Ман зи теғи забони худ тарсам,
Ки мабодо ба синаам бирасад.
З-оташи пурзабонаи дили худ
Гаҳ ба ҳоли пареш метарсам.
Ман фақат дар ҷаҳони пурошӯб
Ростиро, зи хеш метарсам... [1988]
|