|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
Навмед шудани он подшоҳ аз ёфтани он ганҷ ва малул шудани ӯ аз талаби он Чунки таъвиқ омад андар арзу тӯл, Шоҳ шуд з-он ганҷ дилсеру малул. Даштҳоро газ-газ он шаҳ чоҳ канд, Руқъаро аз хашм пеши ӯ фиганд. Гуфт: «Гир ин руқъа, к-иш осор нест, Ту бад-ин авлотарӣ, к-ит кор нест. Нест ин кори касе, к-иш ҳаст кор, Ки бисӯзад гул, бигардад гирди хор. Нодир афтад, аҳли ин мохулиё Мунтазир, ки рӯяд аз оҳан гиё. Сахтҷоне бояд ин фанро чу ту Ту ки дорӣ ҷони сахт, инро биҷӯ. Гар наёбӣ, набвадад ҳаргиз малол В-ар биёбӣ, он ба ту кардам ҳалол». Ақл роҳи ноумедӣ кай равад? Ишқ бошад, к-он тараф бар сар давад. Лоуболӣ ишқ бошад, не хирад, Ақл он ҷӯяд, к-аз он суде барад. Турктозу тангудозу беҳаё, Дар бало чун санги зери осиё. Сахтрӯе, ки надорад ҳеч пушт, Баҳраҷӯиро даруни хеш кушт. Пок мебозад, набошад муздҷӯ, Ончунон ки пок мегирад зи ҳу. Медиҳад Ҳақ ҳастияш беиллате, Месупорад боз беиллат фатӣ, Ки футувват додани беиллат аст, Покбозӣ хориҷи ҳар миллат аст. З-он ки миллат фазл ҷӯяд ё халос, Покбозонанд қурбонони хос. Не Худоро имтиҳоне мекунанд, Не дари суду зиёне мезананд.
Страница 68/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|