|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Четвертая тетрадь |
|
|
Узр хостани он ошиқ аз гуноҳи хеш ба талбису рӯйпӯш ва фаҳм кардани маъшуқ онро низГуфт ошиқ: «Имтиҳон кардам, магир, То бибинам ту ҳарифӣ ё сатир. Ман ҳамедонистамат беимтиҳон, Лек кай бошад хабар ҳамчун аён. Офтобӣ, номи ту машҳуру фош, Чӣ зиён аст, ар бикардам ибтилош. Ту манӣ, ман хештанро имтиҳон Мекунам ҳар рӯз дар суду зиён. Анбиёро имтиҳон карда удот, То шуда зоҳир аз эшон мӯъҷизот. Имтиҳони чашми худ кардам ба нур, Эй ки чашми бад зи чашмони ту дур. Ин ҷаҳон ҳамчун хароб асту ту ганҷ, Гар тафаҳҳус кардам аз ганҷат, маранҷ. З-он чунин бехурдагӣ кардам газоф, То занам бо душманон ҳар бор лоф. То забонам чун туро номе ниҳад, Чашм аз ин дида гувоҳиҳо диҳад. Гар шудам дар роҳи ҳурмат роҳзан, Омадам, эй маҳ! Ба шамшеру кафан. Ҷуз ба дасти худ мабуррам пову сар, Ки аз ин дастам, на аз дасти дигар. Аз ҷудоӣ боз меронӣ сухун? Ҳарчӣ хоҳӣ кун, валекин ин макун». Дар суханобод ин дам роҳ шуд, Гуфт имкон нест, чун бегоҳ шуд. Пӯстҳо гуфтему мағз омад дафин, Гар бимонем, ин намонад ҳамчунин.
Страница 14/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|