|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Третья тетрадь |
|
|
Қасос фармудани Довуд алайҳиссалом хуниро баъд аз илзоми ҳуҷҷат бар ӯ Ҳам бад-он теғаш бифармуд ӯ қасос, Кай кунад макраш зи илми Ҳақ халос? Ҳилми Ҳақ гарчи мувосоҳо кунад, Лек чун аз ҳад бишуд, пайдо кунад. Хун нахуспад, дарфитад дар ҳар диле Майли ҷустуҷӯю кашфи мушкиле. Иқтизои доварии рабби дин Сар барорад аз замири ону ин. К-он фалон чун шуд? Чӣ шуд? Ҳолаш чӣ гашт? Ҳам чунон, ки ҷӯшад аз гулзор кашт. Ҷӯшиши хун бошад он воҷустҳо, Хориши дилҳову баҳсу моҷаро. Чунки пайдо гашт сирри кори ӯ, Муъҷизай Довуд шуд фошу дутӯ. Халқ ҷумла, сарбараҳна омаданд, Сар ба саҷда бар заминҳо мезаданд: «Мо ҳама кӯрони аслӣ будаем, Аз ту мо сад гун аҷоиб дидаем. Санг бо ту дар сухан омад шаҳир, К-аз барои ғазви Толутам бигир. Ту ба се сангу фалохун омадӣ, Сад ҳазорон мардро бар ҳам задӣ. Сангҳоят сад ҳазорон пора шуд, Ҳар яке ҳар хасмро хунхора шуд. Оҳан андар дасти ту чун мум шуд, Чун зиреҳсозӣ туро маълум шуд. Кӯҳҳо бо ту расоил шуд шакур, Бо ту мехонанд чун муқрӣ Забур. Сад ҳазорон чашми дил бигшода шуд Аз дами ту, ғайбро омода шуд В-он қавитар з-он ҳама, к-ин доим аст Зиндагибахше, ки сармад қоим аст. Ҷони ҷумлай муъҷизот ин аст х(в)ад, К-ӯ бибахшад мурдаро ҷони абад». Кушта шуд золим, ҷаҳоне занда шуд, Ҳар яке аз ту Худоро банда шуд.
Страница 116/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|