|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Третья тетрадь |
|
|
Ҳукм кардани Довуд бар соҳиби гов, ки ҷумлаи моли худро ба вай деҳ Баъд аз он Довуд гуфташ: «Эй ануд! Ҷумла моли хеш ӯро бахш зуд. В-арна корат сахт гардад, гуфтамат, То нагардад зоҳир аз вай истамат». Хок бар сар карду ҷома бардарид, Ки ба ҳар дам мекунӣ зулме мазид? Як даме дигар бар ин ташнеъ ронд, Боз Довудаш ба пеши хеш хонд. Гуфт: «Чун бахтат набуд, эй бахткӯр, Зулмат омад андак-андак дар зуҳур. Ридаӣ, он гоҳ садру пешгоҳ? Эй, дареғ аз чун ту хар хошоку коҳ. Рав, ки фарзандони ту бо ҷуфти ту Бандагони ӯ шуданд, афзун магӯ». Санг бар сина ҳамезад бо ду даст, Медавид аз ҷаҳли худ болову паст. Халқ ҳам андар маломат омаданд, К-аз замири кори ӯ ғофил буданд. Золим аз мазлум кай донад касе, К-ӯ бувад сухрай ҳаво ҳамчун хасе? Золим аз мазлум он кас пай барад, К-ӯ сари нафси залуми худ бурад. В-арна он золим, ки нафс аст аз дарун, Хасми ҳар мазлум бошад, аз ҷунун. Саг ҳамора ҳамла бар мискин кунад, То тавонад захм бар мискин занад. Шарм шеронрост, на сагро, бидон, Ки нагирад сайд аз ҳамсоягон. Омаи мазлумкуш, золимпараст, Аз камин сагшон суйи Довуд ҷаст. Рӯй дар Довуд карданд он фариқ, К-эй набии муҷтабо, бар мо шафиқ. Ин нашояд аз ту, к-ин зулмест фош, Қаҳр кардӣ бегуноҳеро ба лош.
Страница 112/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|