|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Третья тетрадь |
|
|
Ташбеҳи банд ва доми қазо ба сурати пинҳон ба асари пайдо Гар бо ҳамаӣ, чу бе манӣ, бе ҳамаӣ В-ар бе ҳамаӣ, чу бо манӣ, бо ҳамаӣ. Буд дарвеше ба кӯҳсоре муқим, Хилват ӯро буд ҳамхобу надим. Чун зи холиқ мерасид ӯро шумул, Буд аз анфоси марду зан малул. Ҳамчунон ки саҳл шуд моро ҳазар, Саҳл шуд ҳам қавми дигарро сафар. Ончунон ки ошиқе бар сарваре Ошиқ аст он хоҷа бар оҳангаре. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Дасту по бе майл ҷунбон кай шавад? Хору хас бе обу боде кай равад? Гар бибинӣ майли худ сӯйи само, Парри давлат баргушо ҳамчун ҳумо. В-ар бибинӣ майли худ сӯйи замин, Навҳа мекун, ҳеч маншин аз ҳанин. Оқилон худ навҳаҳо пешин кунанд, Ҷоҳилон охир ба сар бармезананд. З-ибтидои кор охирро бибин, То набошӣ ту пушаймон явми дин.
Страница 72/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|