|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Третья тетрадь |
|
|
Ҳикояти он шахс, ки дар аҳди Довуд алайҳиссалом шабу рӯз дуъо мекард, ки маро рӯзии ҳалол деҳ беранҷ Он яке марди думӯ омад шитоб, Пеши як ойинадори мустатоб. Гуфт: «Аз ришам сапедӣ кун ҷудо, Ки арӯси нав гузидам, эй фато!» Риши ӯ бибриду кул пешаш ниҳод, Гуфт: «Ту бигзин, маро коре фитод». Ин суолу он ҷавоб аст, он гузин, Ки сари инҳо надорад дарди дин. Он яке зад силие мар Зайдро, Ҳамла кард ӯ ҳам барои кайдро. Гуфт силӣ зан: «Суолат мекунам, Пас ҷавобам гӯй в-он гаҳ мезанам. Бар қафои ту задам, омад тароқ, Як суоле дорам ин ҷо дар вифоқ. Ин тароқ аз дасти ман будаст ё Аз қафогоҳи ту, эй фахри киё?» Гуфт: «Аз дард ин фароғат нестам, Ки дар ин фикру тафаккур бистам. Ту ки бедардӣ ҳамеандеш ин, Нест соҳибдардро ин фикр, ҳин!»
Страница 55/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|