|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Третья тетрадь |
|
|
Ҷазби ҳар унсуре ҷинси худро, ки дар таркиби одамӣ муҳтабис шудааст ба ғайри ҷинс Хок гӯяд хоки танро: «Бозгард, Тарки ҷон кун, сӯйи мо о ҳамчу гард. Ҷинси моӣ, пеши мо авлотарӣ, Беҳ, ки з-он тан вораҳӣ в-аз он тарӣ». Гӯяд: «Оре, лек ман побастаам, Гарчи ҳамчун ту зи ҳиҷрон хастаам. Таррии танро биҷӯянд обҳо, К-эй тарӣ, боз о зи ғурбат сӯйи мо». Гармии танро ҳамехонад асир, Ки зи норӣ, роҳи асли хеш гир! Ҳаст ҳафтоду ду иллат дар бадан Аз кашишҳои аносир, бе расан. Иллат ояд, то баданро бискулад, То аносир ҳамдигарро воҳилад. Чор мурғанд ин аносир, бастапо, Маргу ранҷуриву иллат, погушо. Пояшон аз ҳамдигар чун боз кард, Мурғи ҳар унсур яқин парвоз кард. Ҷазбаи ин аслҳову фаръҳо Ҳар даме ранҷе ниҳад дар ҷисми мо. То ки ин таркибҳоро бардарад, Мурғи ҳар ҷузве ба асли худ парад. Ҳикмати Ҳақ монеъ ояд з-ин аҷал, Ҷамъашон дорад ба сиҳҳат, то аҷал Гӯяд: «Эй аҷзо, аҷал машҳуд нест, Пар задан пеш аз аҷалтон суд нест». Чунки ҳар ҷузве биҷӯяд иртифоқ, Чун бувад ҷони ғариб андар фироқ?
Страница 214/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|