|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Третья тетрадь |
|
|
Ҷавоб гуфтани ошиқ озилонро Гуфт ӯ: «Эй носеҳон! Ман бенадам Аз ҷаҳони зиндагӣ сер омадам. Манбалеам, захмҷӯву захмхоҳ, Оқибат кам ҷӯй аз манбал ба роҳ. Манбале не, к-ӯ бувад худ баргҷӯ, Манбалеам лоуболӣ, маргҷӯ. Манбале не, к-ӯ ба каф пул оварад, Манбали чусте, к-аз ин пул бигзарад. Он на, к-ӯ бар ҳар дуконе барзанад, Бал ҷаҳад аз кавну коне барзанад. Марг ширин гашту нақлам з-ин саро, Чун қафас ҳиштан, паридан мурғро. Он қафас, ки ҳаст айни боғ дар, Мурғ мебинад гулистону шаҷар. Ҷавқи мурғон аз бурун гирди қафас, Хуш ҳамехонанд з-озодӣ қасас. Мурғро андар қафас, з-он сабзазор На хуриш мондасту на сабру қарор. Сар зи ҳар сӯрох берун мекунад, То бувад, к-иш банд аз по барканад. Чун дилу ҷонаш чунин берун бувад, Он қафасро даргушойӣ, чун бувад? На чун он мурғи қафас дар андуҳон Гирд бар гирдаш ба ҳалқа гурбагон. Кай бувад ӯро дар ин хавфу ҳазан Орзуи аз қафас берун шудан? ӯ ҳамехоҳад, к-аз ин нохуш ҳасас Сад қафас бошад ба гирди ин қафас.
Страница 193/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|