|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Пурсидани Сиддиқа разийаллоҳу анҳо, аз Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки сирри борони имрӯзина чӣ буд?Гуфт Сиддиқа, ки «эй зубдай вуҷуд! Ҳикмати борони имрӯзин чӣ буд? Ин зи боронҳои раҳмат буд, ё Баҳри таҳдид асту адли кибриё? Ин аз он лутфи баҳориййот буд, Ё зи пойизии пурофот буд?» Гуфт: «Ин аз баҳри таскини ғам аст, К-аз мусибат бар нажоди Одам аст. Гар бар он оташ бимондӣ одамӣ, Бас харобӣ дарфитодиву камӣ. Ин ҷаҳон вайрон шудӣ андар замон, Ҳирсҳо берун шудӣ аз мардумон». Устуни ин олам, эй ҷон, ғафлат аст, Ҳушёрӣ ин ҷаҳонро офат аст. Ҳушёрӣ з-он ҷаҳон асту чу он Ғолиб ояд, паст гардад ин ҷаҳон. Ҳушёрӣ офтобу ҳирс ях, Ҳушёрӣ обу ин олам васах. З-он ҷаҳон андар тарашшӯҳ мерасад, То нағуррад дар ҷаҳон ҳирсу ҳасад. Гар тарашшӯҳ бештар гардад зи ғайб, На ҳунар монад дар ин олам, на айб. Ин надорад ҳад, суйи оғоз рав, Сӯйи қиссай марди мутриб бозрав.
Страница 103/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|