Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Ишқнома

ПАЙМОНАИ МУҲАББАТ

Намехоҳам, ки дар хушкӣ шавӣ ғарқ,
Намехоҳам, ки бинам дар сари субҳи ҷавоният
ғуруби офтобатро.
Ба он ёде, ки дар ман лона дорад,
Чу панди модари пирам бидонам ҳар
гуноҳатро, савобатро.

Туро дар изтироби савтҳою ларзаи овозҳо ҷӯям,
Туро андар суруди бесадои лаҳзаи пазмонӣ дарёбам.
Ман аз чашми саҳаргоҳи баҳороне,
Ки мисли чашми муштоқон
Ба роҳи омади хуршед дорад интизориҳо;
Зи рангафшонии рангинкамони Рустами дастон,
Ки ҷилди беқасаб дорад,
Биҷӯям ранги ҳуснатро, нишони обутобатро!

Туро дар хеш парвардам,
Туро дар хеш пинҳон кардаму кардам нигаҳбонӣ.
Ту он гаҳ бехабар будӣ,
Ки ман дар дил зи ишқат матлаи хуршед овардам.
Ба чашми ошиқӣ бар ту сифоти тоза бахшидам,
Ҳазорон хислати нав қарз додам, сохтам дар худ
Туро ҳамчун парию пеши поят саҷдаҳо кардам.
Бидон он шаъну шавкатро, бубин ин дилхаробатро!
Ғами ту беғамӣ буд, дар малоҳат достон будӣ,
Ҷавон будию меҳроби нигоҳи ошиқон будӣ.
Баҳорон буд, болои сарат гулбаргҳо мерехт,
Гули оташ, гули сӯзандае будӣ, маро бими хазон будӣ.
Маро аз ман наҷустию
биҷустиям зи хазёни хатогӯён,
Маро бе ман задӣ чун байти носуфта хати бутлон.
Дареғо!
Офтобамро саҳаргоҳон ғурубондӣ.
Бихон ин нақши ишқатрову дарёб ин кабобатро!

Шикастӣ эътиқодамро, ки бар инсони комил буд,
Ҳаловатгоҳи дардам буд, айни хоҳиши дил буд.
Аз он дастон, ки як вақте сарамро сила мекарданд,
Диламро доимо аз чанбари ғамҳо раҳо мекард,
Маро маҳрум кардӣ, дур афкандӣ зи даргоҳе,
Ки бо номаш ризо будам гузаштан аз ҷаҳон гоҳе,
Бигир ин ганҷи ёдатрову сайқал деҳ итобатро!

Агарчи офтоби ман саҳаргоҳон ғурубидаст,
Агарчи ғарқ гардидам ба хушкӣ,
Туро ҷӯям,
Туро хонам ҳамеша бесадо, эй ёр,
Ки то чун ман нагардӣ ғарқ дар хушкӣ.
Фақат як илтиҷо дорам: ҳамеша гӯш бар дар бош,
Ки гар бегаҳ дамад субҳам,
Туро бедор хоҳам кард!

... Ба он ёде, ки дар ман лона дорад,
Чу панди модари пирам бидонам ҳар гуноҳатро, савобатро!

[1971]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj