|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
АБӮАБДУЛЛОҲ МУҲАММАДИ ҶУНАЙДӢАбӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Ҷунайдӣ аз зумраи шоирони Оли Сомон ва ба ривояти Муҳаммад Авфии Бухороӣ Оли Бӯя буда, ба забонҳои форсӣ ва арабӣ шеър мегуфт. Ин қитъа аз ӯ боқӣ мондааст:
Шабгир сабӯҳро зи сар гир Бар бонги хурӯсу нолаи зер. Хуршед, ки барзанад сар аз кӯҳ, Он беҳ, ки хурад зи ҷом ташвир. Аз ҷом ба ҷома ҷаҳ шабонгоҳ, В-аз ҷома ба ҷом ҷаҳ ту шабгир. Шир аст ғизои кӯдаки хурд, Шира-ст ғизои мардуми пир.
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|