|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
Гурехтани Арҷосп аз Корзор
Чу боз оварид он гаронмоя кин, Бар аспи Зарире барафканд зин. Хиромид то пеши овардгоҳ, Ба се баҳра кард он каёнӣ сипоҳ. Аз он се якеро ба Настур дод Яли лашкарафрӯзи фаррухнажод. Дигар баҳраро бо бародар супурд Бузургони Эрону мардони гурд. Севум баҳраро сӯи худ боздошт, Ки чун абри ғурранда овоз дошт. Чу Настури гарданкаши поктан, Чу Нӯшозар он паҳлави размзан. Ҳамедун бибастанд паймон бар ин, Ки гар теғи душман бидаррад замин. Нагардем зинда аз ин ҷанг боз, Надорем аз ин бадкуниш чанг боз. Бар ин бар бибастанд танг устувор, Бигуфтанду рафтанд зӣ корзор. Чу эшон фиканданд асп аз миён, Гавону ҷавонони эрониён. Ҳама яксар аз ҷой бархостанд, Ҷаҳонро ба ҷавшан биёростанд. Аз эшон бикуштанд чандин савор, К-аз он танг шуд ҷои он корзор. Чунон хун ҳамерафт бар кӯҳу дашт, К-аз он осиёҳо ҳаме дар бигашт. Чу Арҷосп он дид, омад ба пеш Або номдорону мардони хеш. Гави гурдкуш найза андарниҳод, Бар он наррадевони пайғунажод. Ҳаме дӯхтшон синаҳо бозпушт, Чунин то басе саркашонро бикушт.
Саҳифаи 1/2
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|