|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
Илоҷи сӯхтан аз оташу обу равғанЗи оташ гар касе ҷонаш бисӯзад, Ки вайро ҳар замон дарде фурӯзад. Вагар равған вагар аз оби ҷӯшон Ба ҷое барчакад, то гашт сӯзон. Бигӯ поре рагу тар кун ба мовард, Ба оби барф - дар барнеҳ-ш бар дард. Дигар донӣ, ки раг бояд кушодан, Бад-ин бояд мар ӯро роҳ додан. Гараш з-ин худ нагардад дард камтар, Биёмӯзам туро доруи дигар. Сапедахоя андар равғани вард Бизан дар ҳам, ҳамеандой бар дард. В-агар камтар нагардад з-ин ҳамон дард, Илоҷ аз лавни дигар боядаш кард. Адас бояд аз он поку муқашшар, Зи испидоҷ бо авҳам баробар. Ба сирка гӯ ба дардаш - бар тало кун, Рагуе тар куну бар вай ридо кун. Вагарна мозугу б-оташ бисӯзон, Бикӯбаш нарму б-абрешим бибезон. Аз он бар сӯхта - бар мепарокан, Набояд ҳеч андудан ба равған. Вагар ин сӯхта чун реш гардад, Ва дардаш ҳар замоне беш гардад. Зи испидоҷу муму равғани вард Ва лахте низ дору андар ӯ кард. Ба ҳам бигдозу пас дар ҳоване рез, Сапедахоя лахте з-ӯ биёмез. Бикӯбаш, то шавад бар сони марҳам, Бар ӯ андой, то дардаш шавад кам. Вагар беҳтар нагардад, гӯ зи оҳак Яке марҳам сириш берайбу бешак. Бибояд шуст оҳакро ба ҳафт об, Ба дуҳни вард бигдоз он баиштоб. Ҳамеша з-ӯ ба дардаш ме барандой, К-аз ӯ беҳтар шавад он сӯхта ҷой.
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|