|
Фӣ ҳифзи-с-самъ (дар нигоҳ доштани шунавоӣ)Касе хоҳад, ки гӯшаш ушнаво шуд, Ва иллатҳо зи гӯши вай ҷудо шуд, Ҳамеша пок дор аз шух гӯшаш, Зи офатҳои берунӣ бипӯшаш. Бахоса боди сард аз гӯш бодор, Ва дуҳни талхбодомаш баҷо дор. Ба ҳар ҳафта яке ду қатра равған, Аз ин равған ҳаме дар гӯшаш афкан. Вагар душвор ёбӣ дуҳни бодом, Илоҷи вай шиёфу сиркаи хом. Шиёфи момшо дар сирка бигдоз, Аз он катра ду андар гӯшаш андоз. Зи тухма в-имтило парҳез бояд, Вагар бар имтило хуспад, нашояд. Зукому назла гӯ бишкан ба дору, Ки гармӣ бештар гардад аз ин ду. Гар ин тадбир дорад кас ба коро, Зи дарди гӯш ёбад ӯ қароро.
|