|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
АБУЛАББОСИ РАБАНҶАНӢ
Абулаббос Фазл ибни Аббоси Рабанҷанӣ аз зумраи шоирони машҳури асри Х мебошад. Манучеҳрӣ аз ӯ дар қатори шоирони бузурги мутааххири худ ёд мекунад. Фаррухӣ се байти шеъри Рабанҷаниро иқтибос карда, дар байти зерин ӯро «Шоире устод» хондааст:
Сахт хуб омад ин се байт маро, Ки шунидам зи шоире устод.
Рабанҷанӣ дар марсияи Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ва таҳнияти Нӯҳ қитъае дорад, ки соли 331 ҳиҷри ( 943 милодӣ) таълиф шудааст ва аз ин ҷо маълум мешавад, ки ӯ соли 943 ҳанӯз дар қайди ҳаёт будааст.
Аз ашъори Рабанҷанӣ 95 байт боқӣ мондааст, ки дар ин ҷо оварда мешавад:
Меҳтаро, бор Худоё, малики Бағдодо, Садаи сию якум бар ту муборак бодо!
Саҳифаи 1/87
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|