|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
ШОКИРИ БУХОРОӢ
Аз ҷумлаи шоирони маъруфи нимаи аввали асри Х мебошад. Хусравонӣ – шоири ҳамзамони ӯ чунин ёд мекунад:
Ҳаме ҳасад кунаму солу моҳ рашк барам Ба марги Булмасалу марги Шокиру Ҷуллоб.
Манучеҳрии Домғонӣ дар қасидаи ба Унсурии Балхӣ бахшидааш аз панҷ шоири бухороӣ ёд мекунад, ки яке аз онҳо ҳамин Шокир аст:
Аҳтаму Аъшо дар он ҷониб шуда соҳибнафир, Шокиру Ҷуллоб аз ин ҷониб шуда соҳибназар.
Аз ашъори ӯ 38 байт боқӣ мондааст. Дар ин китоб танҳо як байти дорои алфози қабеҳ ҳазф шуд.
Турк бо кажжкамон рост кунад кори ҷаҳон, Ростӣ тираш кажжӣ кунад андар ҷигаро. Ҳама возиҷ пурангуру ҳама ҷой асир, Ранҷ варзид, кунун бар бихӯрад барзгаро. Нафрин кунам зи дард фиъоли замонаро, К-ӯ кибр доду мартабат ин куфшонаро. Онро, ки бо макую калоба бувад шумор, Барбат куҷо шиносаду чангу чағонаро?! Ба он кас, ки ҷонаш зи дониш тиҳист, Ситеҳиданат мояи аблаҳист. Баҳри дунё то ба кай колиданат, Ҳар замон ҷӯшидану нолиданат.
Саҳифаи 1/29
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|