|
|
|
|
|
|
|
|
|
Нахустин шоирони порсигӯй |
|
|
6. МУҲАММАД ИБНИ ВАСИФИ САГЗӢ
Муҳаммад ибни Васиф - дабири Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ то ҳудуди солҳои 296-297 ҳиҷрӣ (908-910 милодӣ) дар қайди ҳаёт будааст. Мувофиқи ривояти китоби «Таърихи Систон» Муҳаммад ибни Васиф шеъри арабӣ мегуфт ва барои Яъқуб ибни Лайс бори аввал ба тақлиди қасоиди арабӣ шеъри форсӣ эҷод кард. Муаллифи номаълуми «Таърихи Систон» ӯро чун аввалин шоири форсигӯй мешиносад. Дар китоби мазкур ду қасидаи ноқис ва ду қитъаи Муҳаммад ибни Васиф иборат аз 23 байт омадааст, ки матни онҳо ба тариқи зайл аст:
Кӯшиши банда сабаб аз бахшиш аст, Кори қазо буду туро айб нест. Буду набуд аз сифати Эзид аст, Бандаи дармондаи бечора кист? Аввали махлуқ чӣ бошад? – Завол, Кори ҷаҳон аввалу охир якест. Қавли Худованд бихон: «Фастақим», Мӯътақиде шав ва бар он бар биист.
Саҳифаи 1/3
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|