|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шестая тетрадь |
|
|
МасалСӯйи ҷомеъ мешуд он як шаҳрёр, Халқро мезад нақибу чӯбдор. Он якеро сар шикастӣ чӯбзан, В-он дигарро бардаридӣ пераҳан. Дар миёна бедиле даҳ чӯб х(в)ард Бегуноҳе, ки бирав, аз роҳ бард. Хунчакон рӯ кард бо шоҳу бигуфт: «Зулми зоҳир бин, чӣ пурсӣ аз ниҳуфт? Хайри ту ин аст, ҷомеъ меравӣ, То чӣ бошад шарру визрат, эй ғавӣ!» Як саломе нашнавад пир аз хасе, То напечад оқибат аз вай басе. Гург дарёбад валиро, беҳ бувад, З-он ки дарёбад валиро нафси бад. З-он ки гург арчи ки бас истамгарест, Лекаш он фарҳангу кайду макр нест. В-арна кай андарфитодӣ ӯ ба дом, Макр андар одамӣ бошад тамом. Гуфт қуч бо гову уштур: «Эй рифоқ! Чун чунин афтод моро иттифоқ. Ҳар яке таърихи умр ибдо кунед, Пиртар авлост, боқӣ тан занед». Гуфт қуч: «Марҷи ман андар он уҳуд Бо қучи қурбони Исмоъил буд». Гов гуфто: «Будаам ман солх(в)ард, Ҷуфти он гове, к-иш Одам ҷуфт кард. Ҷуфти он говам, ки Одам - ҷадди халқ Дар зироат бар замин мекард фалқ». Чун шунид аз гову қуч уштур шигифт, Сар фуруд оварду онро баргирифт. Дар ҳаво бардошт он банди қасил Уштури бухтӣ сабук, беқолу қил. Ки маро худ ҳоҷати таърих нест, К-ин чунон ҷисмеву олӣ гарданест. Худ ҳама кас донад, эй ҷони падар, Ки набошам аз шумо ман хурдтар. Донад инро, ҳар ки з-асҳоби нуҳост, Ки ниҳоди ман фузунтар аз шумост. Ҷумлагон донанд, к-ин чархи баланд Ҳаст сад чандон, ки ин хоки нажанд. Ку гушоди руқъаҳои осмон? Ку ниҳоди буқъаҳои хокдон?
Страница 82/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|