|
Вонамудани подшоҳ ба умаро ва мутаассибон дар роҳ Аёз, сабаби фазилату мартабат ва қурбату ҷомагии ӯ, бар эшон бар ваҷҳе, ки эшонро ҳуҷҷат ва эътироз намонд Чун амирон аз ҳасад ҷӯшон шуданд, Оқибат бар шоҳи худ таъна заданд. К-ин Аёзи ту надорад сӣ хирад, Ҷомагии се амир ӯ чун хурад? Шоҳ берун рафт бо он сӣ амир Сӯйи саҳрову кӯҳистон сайдгир. Корвоне дид аз дур он малик, Гуфт амиреро: «Бирав, эй мӯътафик! Рав, бипурс он корвонро бар расад, К-аз кадомин шаҳр андармерасад?». Рафту пурсиду биёмад, ки зи Рай, Гуфт: «Азмаш то куҷо?», дармонд вай. Дигареро гуфт: «Рав, эй булъало! Бозпурс аз корвон, ки то куҷо?». Рафту омад, гуфт: «То сӯйи Яман», Гуфт: «Рахташ чист? Ҳон, эй мӯътаман!» Монд ҳайрон, гуфт бо мире дигар, Ки бирав, вопурс рахти он нафар. Бозомад, гуфт: «Аз ҳар ҷинс ҳаст, Ағлаби он косаҳои розӣ аст». Гуфт: «Кай берун шуданд аз шаҳри Рай?», Монад ҳайрон он амири сустпай. Ҳамчунин то сӣ амиру бештар, Сустрою ноқис андар карру фар. Гуфт амиронро, ки ман рӯзе ҷудо Имтиҳон кардам Аёзи хешро, Ки бипурс аз корвон, то аз куҷост? ӯ бирафт, ин ҷумла вопурсид рост. Бе васийят, бе ишорат, як ба як Ҳолашон дарёфт берайбеву шак. Ҳар чӣ з-ин сӣ мир андар сӣ мақом Кашф шуд з-ӯ он ба як дам шуд тамом.
Страница 10/140 |