Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Дар баёни касе, ки сухане гӯяд, ки ҳоли ӯ муносиби он сухан ва он даъво набошад, чунон ки «кафара ва лаъин саъалтаҳум ман халақа-с-самовоти ва-л-арза? Лаяқулунна-ллоҳу». Хидмати бути сангин кардан ва ҷону зар фидои ӯ кардан чӣ муносиб бошад бо ҷоне, ки донад, ки холиқи самовоту арз ва халоиқ Илоҳест, самиъе, басире, ҳозире, муроқибе, муставлибе, ғаюре ило охириҳ

Зоҳидеро як зане буд бас ғаюр,
Ҳам буд ӯро як канизак ҳамчу ҳур.
Зан зи ғайрат поси шавҳар доштӣ,
Бо канизак хилваташ нагзоштӣ.
Муддате зан шуд муроқиб ҳар дуро,
То к-ишон фурсат наяфтад дар хало.
То даромад ҳукму тақдири Илоҳ,
Ақли ҳорис хирасар гашту табоҳ.
Ҳукму тақдираш чу ояд бевуқуф,
Ақл кӣ бвад? Дар қамар афтад хусуф.
Буд дар ҳаммом он зан ногаҳон,
Ёдаш омад ташту дар хона буд он.
Бо канизак гуфт: «Рав, ҳин, мурғвор,
Ташти симинро зи хонай мо биёр».
Он канизак зинда шуд, чун ин шунид,
Ки ба хоҷа ин замон хоҳад расид.
Хоҷа дар хонасту хилват ин замон,
Пас давон шуд сӯйи хона шодмон.
Ишқи шашсола канизакро буд ин,
Ки биёбад хоҷаро хилват чунин.
Гашт паррон, ҷониби хона шитофт,
Хоҷаро дар хонаи хилват биёфт.
Ҳар ду ошиқро чунон шаҳват рабуд,
К-эҳтиёту ёди дар бастан набуд.
Ҳар ду бо ҳам дар хазидан аз нишот,
Ҷон ба ҷон пайваст он дам з-ихтилот.
Ёд омад дарзамон занро, ки ман
Чун фиристодам варо сӯйи ватан?
Пунба дар оташ ниҳодам ман ба хеш,
Андарафгандам қуҷи нарро ба меш.
Гил фурӯ шуст аз сару бе ҷон давид,
Дар пайи ӯ рафту чодар мекашид.
Он зи ишқи ҷон давиду ин зи бим,
Ишқ куву бим ку? Фарқе азим.
Сайри ориф ҳар даме то тахти шоҳ,
Сайри зоҳид ҳар маҳе якрӯза роҳ.
Гарчи зоҳидро бувад рӯзе шигарф,
Кай бувад як рӯзи ӯ хамсина алф?
Қадри ҳар рӯзе зи умри марди кор
Бошад аз соли ҷаҳон панҷаҳ ҳазор.
Ақлҳо з-ин сар бувад беруни дар,
Заҳраи ваҳм ар бидаррад, гӯ, бидар.
Тарс мӯйе нест андар пеши ишқ,
Ҷумла қурбонанд андар кеши ишқ.
Ишқ васфи Эзид аст, аммо ки хавф,
Васфи бандай мубталои фарҷу ҷавф.
Чун «юҳиббуна» бихондӣ дар нубӣ,
Бо «юҳиббуҳум» қарин дар матлабӣ.
Пас муҳаббат васфи Ҳақ дон, ишқ низ,
Хавф набвад васфи Яздон, эй азиз.
Васфи Ҳақ ку? Васфи муште хок ку?
Васфи ҳодис куву васфи пок ку?
Шарҳи ишқ ар ман бигӯям бардавом,
Сад қиёмат бигзарад в-он нотамом.
З-он ки таърихи қиёматро ҳад аст,
Ҳад куҷо он ҷо, ки васфи Эзад аст?
Ишқро понсад пар асту ҳар паре
Аз фарози арш то таҳтуссарӣ.
Зоҳиди ботарс метозад ба по,
Ошиқон парронтар аз барқу ҳаво.
Кай расанд ин хоифон дар гарди ишқ?
К-осмонро фарш созад дарди ишқ.
Ҷуз магар ояд инобатҳои зав,
К-аз ҷаҳону з-ин равиш озод шав.
Аз қуши худ в-аз души худ бозраҳ,
Ки суйи шаҳ ёфт он шаҳбоз раҳ.
Ин қушу душ ҳаст ҷабру ихтиёр,
Аз варои ин ду омад ҷазби ёр.
Чун расид он зан ба хона, дар гушод,
Бонги дар дар гӯши эшон дарфитод.
Он канизак ҷаст ошуфта зи соз,
Мард барҷасту даромад дар намоз.
Зан канизакро пажӯлида бидид,
Дарҳаму ошуфтаву дангу марид.
Шӯйи худро дид қоим дар намоз,
Дар гумон афтод зан з-он эҳтизоз.
Шӯйро бардошт доман бехатар,
Дид олудай манӣ хуся-в закар.
Аз закар боқии нутфа мечакид,
Рону зону гашта олуда-в палид.
Ба сараш зад силиву гуфт: «Эй маҳин!»
Хусяи марди намозӣ бошад ин?
Лоиқи зикру намоз аст ин закар?
В-ин чунин рону заҳори пурқазар?»
Номаи пурзулму фисқу куфру кин
Лоиқ аст, инсоф деҳ, андар ямин?
Гар бипурсӣ габрро, к-ин осмон
Офаридай кист в-ин халқу ҷаҳон?
Гӯяд ӯ, к-ин офаридай он Худост,
К-офариниш бар худоияш гувост.
Куфру фисқу истами бисёри ӯ
Ҳаст лоиқ бо чунин иқрори ӯ?
Ҳаст лоиқ бо чунин иқрори рост
Он фазиҳатҳову он кирдори кост?
Феъли ӯ карда дурӯғ он қавлро,
То шуд ӯ лоиқ азоби ҳавлро.
Рӯзи маҳшар ҳар ниҳон пайдо шавад,
Ҳам зи худ ҳар муҷриме расво шавад.
Дасту по бидҳад гувоҳӣ бо баён
Бар фасоди ӯ ба пеши мустаъон.
Даст гӯяд: «Ман чунин дуздидаам»,
Лаб бигӯяд: «Ман чунин пурсидаам».
Пой гӯяд: «Ман шудастам то манӣ»,
Фарҷ гӯяд: «Ман бикардастам занӣ».
Чашм гӯяд: «Кардаам ғамзай ҳаром»,
Гӯш гӯяд: «Чидаам сӯъулкалом».
Пас дурӯғ омад зи сар то пойи хеш,
Ки дурӯғаш кард ҳам аъзои хеш.
Ончунон ки дар намози бофурӯғ,
Аз гувоҳий хуся шуд зарқаш дурӯғ.
Пас, чунон кун феъл, к-он худ безабон
Бошад «ашҳад» гуфтану айни баён.
То ҳамай тан, узв-узват, эй писар,
Гуфта бошад «ашҳад» андар нафъу зар.
Рафтани банда пайи хоҷа гувост,
Ки манам маҳкуму ин мавлои мост.
Гар сияҳ кардӣ ту номай умри хеш,
Тавба кун з-онҳо, ки кардастӣ ту пеш.
Умр агар бигзашт, бехаш ин дам аст,
Оби тавба-ш деҳ, агар ӯ бенам аст.
Бехи умратро бидеҳ оби ҳаёт,
То дарахти умр гардад бо набот.
Ҷумла мозиҳо аз ин некӯ шаванд,
Заҳри порина аз ин гардад чу қанд.
Хоҷа бар тавбай насӯҳӣ хуш битан,
Кӯшише кун ҳам ба ҷону ҳам ба тан.
Шарҳи ин тавбай Насӯҳ аз ман шунав,
Бигравидастӣ, валек аз нав гарав.

Страница 87/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj