Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҳикоят дар тақрири ин сухан, ки чандин гоҳ гуфтугӯро озмудем, муддате сабру хомӯширо биёзмоем

Чанд пухтӣ талху тезу шӯр газ,
Ин яке бор, имтиҳон, ширин бипаз.
Он якеро дар қиёмат з-интибоҳ
Дар каф ояд номаи исён сиёҳ.
Сарсияҳ чун номаҳои таъзия,
Пурмаъосӣ матннома-в ҳошия.
Ҷумла фисқу маъсият буд яксарӣ,
Ҳамчу дорулҳарб пур аз кофире.
Ончунон номай палиди пурвабол,
Дар ямин н-ояд, дарояд дар шимол.
Худ ҳамин ҷо номаи худро бибин,
Дасти чапро шояд он, ё дар ямин?
Мӯзаи чап, кафши чап ҳам дар дукон
Они чап дони-ш, пеш аз имтиҳон.
Чун набошӣ рост медон, ки чапӣ,
Ҳаст пайдо наъраи шеру капӣ.
Он ки гулро шоҳиду хушбӯ кунад,
Ҳар чаперо рост фазли ӯ кунад.
Ҳар шимолиро яминӣ ӯ диҳад,
Баҳрро моъи маъинӣ ӯ диҳад.
Гар чапӣ, бо ҳазрати ӯ рост бош,
То бибинӣ дастбурди лутфҳош.
Ту раво дорӣ, ки ин номай маҳин,
Бигзарад аз чап, дарояд дар ямин?
Инчунин нома, ки пурзулму ҷафост,
Кай бувад худ дархур андар дасти рост?

Страница 86/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj