Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ишорат омадан аз ғайб ба шайх, ки ин ду сол ба фармон, бистадиву бидодӣ, баъд аз ин бидеҳу маситон, даст зери ҳасир мекун, ки онро чун анбони Бӯҳурайра кардем дар ҳаққи ту, ҳар чӣ хоҳӣ биёбӣ, то яқин шавад оламиёнро, ки варои ин оламест, ки хок ба каф гирӣ, зар шавад, мурда дар ӯ ояд, зинда шавад, наҳси акбар дар вай ояд, саъди акбар шавад, куфр дар ӯ ояд, имон гардад, заҳр дар ӯ ояд, тарёқ шавад. На дохили ин олам аст ва на хориҷи ин олам, на таҳту на фавқ, на муттасил, на мунфасил, бе чуну бе чигуна ҳар дам аз ӯ ҳазорон асар ва намуна зоҳир мешавад, чунонки санъати даст бо сурати даст ва ғамзаи чашм бо сурати чашм ва фасоҳати забон бо сурати забон на дохил аст ва на хориҷи ӯ, на муттасил ва на мунфасил, «ва-л-оқилу якфиҳу-л-ишорат»

То ду сол ин кор кард он марди кор,
Баъд аз он амр омадаш аз кирдгор:
«Баъд аз ин медеҳ, вале аз кас махоҳ,
Мо бидодемат зи ғайб ин дастгоҳ.
Ҳар кӣ хоҳад аз ту, аз як то ҳазор,
Даст дар зери ҳасире кун, барор.
Ҳин, зи ганҷи раҳмати бемар бидеҳ,
Дар кафи ту хок гардад зар, бидеҳ.
Ҳар чӣ хоҳандат, бидеҳ, мандеш аз он,
Доди Яздонро ту беш аз беш дон.
Дар атои мо на таҳширу на кам,
На пушаймонӣ, на ҳасрат з-ин карам.
Даст зери бӯрё кун, эй санад,
Аз барои рӯйпӯши чашми бад.
Пас зи зери бӯрё пур кун ту мушт,
Деҳ ба дасти соили бишкастапушт.
Баъд аз ин аз аҷри номамнун бидеҳ,
Ҳар кӣ хоҳад гавҳари макнун, бидеҳ.
Рав, «ядуллаҳ фавқа айдиҳим» ту бош,
Ҳамчу дасти Ҳақ газофи зарқ пош.
Вомдоронро зи ӯҳда вораҳон,
Ҳамчу борон сабз кун фарши ҷаҳон».
Буд як соли дигар кораш ҳамин,
Ки бидодӣ зар зи кисай рабби дин.
Зар шудӣ хоки сияҳ андар кафаш,
Ҳотами Тоӣ гадое дар сафаш.

Страница 118/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj