Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Гирён шудани амир аз насиҳати шайх ва акси сидқи ӯ ва исор кардани махзан баъд аз он густохӣ ва истеъсоми шайх ва қабул нокардан ва гуфтан, ки ман бе ишорат наёрам тасарруфе кардан

Ин бигуфту гиря – дар шуд ҳой-ҳой,
Ашк ғалтон бар рухи ӯ ҷой-ҷой.
Сидқи ӯ ҳам бар замири мир зад,
Ишқ ҳар дам турфа деге мепазад.
Сидқи ошиқ бар ҷамодӣ метанад,
Чӣ аҷаб гар бар дили доно занад?
Сидқи Мӯсо бар асову кӯҳ зад,
Балки бар дарёи пуришкӯҳ зад.
Сидқи Аҳмад бар ҷамоли моҳ зад,
Балки бар хуршеди рахшон роҳ зад.
Рӯ ба рӯ оварда, ҳар ду дар нафир,
Гашта гирён ҳам амиру ҳам фақир.
Соате бисёр чун бигристанд,
Гуфт мир ӯро, ки хез, эй арҷманд!
Ҳар чӣ хоҳӣ, аз хизона баргузин,
Гарчи истеҳқоқ дорӣ сад чунин.
Хона они туст, ҳар чи-т майл ҳаст
Баргузин, худ ҳар ду олам андак аст».
Гуфт: «Дастуре надодандам чунин,
Ки ба дасти хеш чизе баргузин.
Ман зи худ натвонам ин кардан фузул,
Ки кунам ман ин дахилона духул».
Ин баҳона карду мӯҳра даррабуд,
Монеъ он буд, к-он ато содиқ набуд.
На, ки содиқ буду пок аз ғиллу хашм,
Шайхро ҳар сидқ менояд ба чашм.
Гуфт: «Фармонам чунин додаст Илоҳ,
Ки гадоёна бирав, ноне бихоҳ.

Страница 117/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj