Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҷавоб гуфтани рӯбаҳ харро

Гуфт рӯбаҳ: «Софи моро дурд нест,
Лек тахйилоти ваҳмӣ хурд нест.
Ин ҳама ваҳми ту аст, эй содадил!
В-арна бар ту на ғише дорам, на ғил.
Аз хаёли зишти худ мангар ба ман,
Бар муҳиббон аз чӣ дорӣ сӯизан?
Занни некӯ бар бар ихвони сафо,
Гарчи ояд зоҳир аз эшон ҷафо.
Ин хаёлу ваҳми бад чун шуд падид,
Садҳазорон ёрро аз ҳам бурид.
Мушфиқе гар кард ҷавру имтиҳон,
Ақл бояд, ки набошад бадгумон.
Хоса ман бадраг набудам зиштисм,
Он ки дидӣ бад набуд, буд он тилисм.
В-ар будӣ бад он сиголиш «қаддиро»,
Афв фармоянд ёрон з-он хато.
Олами ваҳму хаёлу тамъу бим
Ҳаст раҳравро яке садде азим.
Нақшҳои ин хаёли нақшбанд
Чун Халилеро, ки кӯҳ буд, шуд газанд.
Гуфт: «Ҳозо раббӣ» Иброҳими род,
Чунки андар олами ваҳм уфтод.
Зикри кавкабро чунин таъвил гуфт,
Он касе, ки гавҳари таъвил суфт.
Олами ваҳму хаёли чашмбанд
Ончунон кӯҳро зи ҷойи хеш канд.
То ки «ҳозо раббӣ» омад қоли ӯ,
Харбату харро чӣ бошад ҳоли ӯ?
Ғарқ гашта ақлҳои чун ҷибол
Дар биҳори ваҳму гирдоби хаёл.
Кӯҳҳоро ҳаст з-ин тӯфон фузӯҳ,
Ку амонӣ? Ҷуз ки дар киштии Нӯҳ.
З-ин хаёли раҳзани роҳи яқин
Гашт ҳафтоду ду миллат аҳли дин.
Марди иқон раст аз ваҳму хаёл,
Мӯйи абрӯро намегӯяд ҳилол
В-он ки нури Уммараш навбад санад,
Мӯйи абрӯи каже роҳаш занад.
Садҳазорон киштии боҳавлу саҳм
Тахта-тахта гашта дар дарёи ваҳм.
Камтарин Фиръавни чусти файласуф,
Моҳи ӯ дар бурҷи ваҳме дар хусуф.
Кас надонад рӯсапизан кист он?
В-он ки донад, несташ бар худ гумон.
Чун туро ваҳми ту дорад хирасар,
Аз чӣ гардӣ гирди ваҳми он дигар?
Оҷизам ман аз мании хештан,
Чӣ нишастӣ пурманӣ ту пеши ман?
Беману моӣ ҳамеҷӯям ба ҷон,
То шавам ман гӯйи он хушсавлаҷон.
Ҳар кӣ бе ман шуд, ҳама манҳо худ ӯст,
Дӯст ҷумла шуд, чу худро нест дӯст.
Ойинай бенақш шуд, ёбад баҳо,
З-он ки шуд ҳокии ҷумлай нақшҳо.

Страница 112/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj