Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҷавоб гуфтани хар рӯбоҳро

Гуфт: «Рав, рав, ҳин, зи пешам, эй адӯ!
То набинам рӯйи ту, эй зиштрӯ!
Он Худое, ки туро бадбахт кард,
Рӯйи зиштатро кареҳу сахт кард.
Бо кадомин рӯй меоӣ ба ман?
Инчунин сағрӣ надорад каргадан.
Рафтаӣ дар хуни ҷонам ошкор,
Ки туро ман раҳ барам то марғзор.
То бидидам рӯйи Азройилро,
Боз овардӣ фану тасвилро?
Гарчи ман нанги харонам, ё харам,
Ҷонварам, ҷон дорам, инро кай харам?
Он чӣ ман дидам зи ҳавли беамон,
Тифл дидӣ, пир гаштӣ дарзамон.
Бедилу ҷон, аз ниҳеби он шукӯҳ
Сарнигун худро дарафгандам зи кӯҳ.
Баста шуд поям дар он дам аз ниҳеб,
Чун бидидам он азоби беҳиҷеб.
Аҳд кардам бо Худо, к-эй зулминан!
Баргушо з-ин бастагӣ ту пойи ман.
То нанӯшам васвасай кас баъд аз ин,
Аҳд кардам, назр кардам, эй муъин!
Ҳақ гушода кард он дам пойи ман,
З-он дуъову зориву имои ман
В-арна андар ман расидӣ шери нар,
Чун будӣ дар зери панҷай шер хар?
Боз бифристодат он шери арин
Сӯйи ман аз макр, эй биъсалқарин!
Ҳаққи зоти поки «Аллоҳу-с-самад»,
Ки бувад беҳ мори бад аз ёри бад.
Мори бад ҷоне ситонад аз салим,
Ёри бад орад суйи нори муқим.
Аз қарин беқавлу гуфтугӯйи ӯ
Хӯ бидуздад дил, ниҳон аз хӯйи ӯ.
Чунки ӯ афганд бар ту сояро,
Дуздад он бемоя аз ту мояро.
Ақли ту гар аждаҳое гашт маст,
Ёри бад ӯро зумуррад дон, ки ҳаст.
Дидаи ақлат бад-ӯ берун ҷаҳад,
Таъни ӯ-т андар кафи тоъун ниҳад.

Страница 111/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj