Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Бурдани рӯбаҳ харро пеши шер ва ҷастани хар аз шер ва итоб кардани рӯбоҳ пеши шер, ки ҳанӯз хар дур буд, таъҷил кардӣ ва узр гуфтани шер ва лоба кардани рӯбаҳро шер, ки бирав, бори дигараш бифиреб

Чунки бар кӯҳаш ба сӯйи марҷ бурд,
То кунад шераш ба ҳамла хурду мурд.
Дур буд аз шеру он шер аз набард
То ба наздик омадан сабре накард.
Гунбаде кард аз баландӣ шери ҳавл,
Худ набудаш қуввату имкони ҳавл.
Хар зи дураш диду баргашту гурез,
То ба зери кӯҳ, тозон, наълрез.
Гуфт рӯбаҳ шерро: «Эй шоҳи мо!
Чун накардӣ сабр дар вақти вағо?
То ба наздики ту ояд он ғавӣ,
То ба андак ҳамлае ғолиб шавӣ.
Макри шайтон аст таъҷилу шитоб,
Лутфи раҳмон аст сабру эҳтисоб.
Дур буду ҳамларо диду гурехт,
Заъфи ту зоҳир шуду оби ту рехт».
Гуфт: «Ман пиндоштам барҷост зӯр,
То бад-ин ҳад менадонистам футур.
Низ ҷӯъу ҳоҷатам аз ҳад гузашт,
Сабру ақлам аз таҷаввӯъ ёва гашт.
Гар тавонӣ бори дигар аз хирад
Боз овардан мар ӯро мустарад,
Миннати бисёр дорам аз ту ман,
Ҷаҳд кун, бошад биёрияш ба фан».
Гуфт: «Оре. Гар Худо ёрӣ диҳад,
Бар дили ӯ аз ъамо мӯҳре ниҳад.
Пас фаромӯшаш шавад ҳавле, ки дид,
Аз харии ӯ набошад ин баъид.
Лек чун орам мар ӯро, барматоз,
То ба бодаш надҳӣ аз таъҷил боз».
Гуфт: «Оре, таҷриба кардам, ки ман
Сахт ранҷурам, мухалхал гашта тан.
То ба наздикам наёяд хар тамом,
Ман наҷунбам, хуфта бошам дар қавом».
Рафт рӯбаҳ, гуфт: «Эй шаҳ, ҳиммате,
То бипӯшад ақли ӯро ғафлате».
Тавбаҳо кардаст хар бо кирдгор,
Ки нагардад ғарраи ҳар нобакор.
Тавбаҳояшро ба фан барҳам занем,
Мо адувви аҳду ақли равшанем.
Каллаи хар гӯйи фарзандони мост,
Фикраташ бозичаи дастони мост.
Ақл, к-он бошад зи даврони Зуҳал,
Пеши ақли кул надорад он маҳал.
Аз Уторид в-аз Зуҳал доно шуд ӯ,
Мо зи доди кирдгори лутфҷӯ.
«Аллама-л-инсон» хами туғрои мост,
«Илму индаллоҳ» мақсадҳои мост.
Тарбияй он офтоби равшанем,
Раббия-л-аъло аз он рӯ мезанем.
Таҷриба гар дорад ӯ, бо ин ҳама,
Бишканад сад таҷриба з-ин дамдама.
Бӯ, ки тавба бишканад он сустхӯ,
Даррасад шумии ишкасташ дар ӯ.

Страница 108/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj