Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҳикояти он муханнас ва пурсидани лутӣ аз ӯ ду ҳолати лавота, ки ин ханҷар аз баҳри чист? Гуфт: «Аз барои он ки ҳар кӣ бо ман бад андешад, ишкамаш бишикофам». Лутӣ бар сари ӯ омадшуд мекард ва мегуфт: «Алҳамдулиллоҳ, ки ман бад намеандешам бо ту»

Байти ман байт нест, иқлим аст,
Ҳазли ман ҳазл нест, таълим аст.


Кундаеро лутие дар хона бурд,
Сарнигун афгандашу дар вай фишурд.
Бар миёнаш ханҷаре дид он лаъин,
Пас бигуфташ: «Бар миёнат чист ин?»
Гуфт: «Он ки бо ман ар як бадманиш
Бад бияндешад, бидаррам ишкамаш».
Гуфт лутӣ: «Ҳамдулиллаҳро, ки ман
Бад наяндешидаам бо ту ба фан».
Чунки мардӣ нест, ханҷарҳо чӣ суд?
Чун набошад дил, надорад суд хӯд.
Гар фусуне ёд дорӣ аз Масеҳ,
Ку лабу дандони Исо? Эй қабеҳ!
Киштие созӣ зи тавзеъу футӯҳ,
Ку яке маллоҳи киштӣ ҳамчу Нӯҳ?
Бут шикастӣ гирам иброҳимвор,
Ку бути танро фидо кардан ба нор?
Гар далелат ҳаст, андар феъл ор,
Теғи чӯбинро бад-он кун зулфиқор.
Он далеле, ки туро монеъ шавад,
Аз амал, он ниқмати сонеъ бувад.
Хойифони роҳро кардӣ далер,
Аз ҳама ларзонтарӣ ту зер-зер.
Бар ҳама дарси таваккул мекунӣ,
Дар ҳаво ту пашшаро раг мезанӣ.
Эй муханнас, пеш рафта аз сипоҳ,
Бар дурӯғи риши ту керат гувоҳ.
Чун зи номардӣ дил оганда бувад,
Ришу сиблат мӯҷиби ханда бувад.
Тавбае кун, ашк борон чун матар,
Ришу сиблатро зи ханда бозхар.
Доруи мардӣ бихур андар амал,
То шавӣ хуршеди гарм андар ҳамал.
Меъдаро бигзору сӯйи дил хиром,
То ки бепарда зи Ҳақ ояд салом.
Як-ду гоме рав, такаллуф соз х(в)аш,
Ишқ гирад гӯш, ту он гоҳ каш.

Страница 105/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj