Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Фарқ миёни даъвати шайхи комили восил ва миёни сухани ноқисони фозили фазли таҳсилии барбаста

Шайхи нуронӣ зи раҳ огаҳ кунад,
Бо сухан ҳам нурро ҳамраҳ кунад.
Ҷаҳд кун, то масту нуронӣ шавӣ,
То ҳадисатро шавад нураш равӣ.
Ҳар чӣ дар дӯшоб ҷӯшида шавад,
Дар ақида таъми дӯшобаш бувад.
Аз ҷазар в-аз себу биҳ в-аз гирдакон,
Лаззати дӯшоб ёбӣ ту аз он.
Илм андар нур чун фарғарда шуд,
Пас зи илмат нур ёбад қавми луд.
Ҳар чӣ гӯйӣ, бошад он ҳам нурнок,
К-осмон ҳаргиз наборад ғайри пок.
Осмон шав, абр шав, борон бибор,
Новадон бориш кунад, набвад ба кор.
Об андар новадон ориятист,
Об андар абру дарё фитратист.
Фикру андешаст мисли новадон,
Вайҳу макшуф аст абру осмон.
Оби борон боғи садранг оварад,
Новадон ҳамсоя дар ҷанг оварад.
Хар ду-се ҳамла ба рӯбаҳ баҳс кард,
Чун муқаллид буд, фиреби ӯ бих(в)ард.
Тантанай идроки биноӣ надошт,
Дамдамай рӯбаҳ бар ӯ сакта гумошт.
Ҳирси хӯрдан ончунон кардаш залил,
Ки забунаш гашт бо понсад далел.

Страница 104/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj