Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Баёни иттиҳоди ошиқ ва маъшуқ аз рӯйи ҳақиқат, агарчи мутазоданд аз рӯйи он ки ниёз зидди бениёзӣст, чунон ки ойина бесурат асту сода аст ва бесуратӣ зидди сурат аст, валекин миёни эшон иттиҳодест дар ҳақиқат, ки шарҳи он дароз аст «ва-л-оқилу якфиҳи-л-ишорат»

Ҷисми Маҷнунро зи ранҷу дурие
Андар омад ногаҳон ранҷурие.
Хун ба ҷӯш омад зи шӯълай иштиёқ,
То падид омад бар он Маҷнун хуноқ.
Пас табиб омад ба дору карданаш,
Гуфт: «Чора нест ҳеч аз рагзанаш.
Раг задан бояд барои дафъи хун»,
Рагзане омад бад-он ҷо зуфунун.
Бозуяш басту гирифт он неш ӯ,
Бонг барзад дар замон он ишқхӯ:
«Музди худ бистону тарки фасд кун,
Гар бимирам, гӯ, бирав ҷисми куҳун».
Гуфт: «Охир аз чӣ метарсӣ аз ин?
Чун наметарсӣ ту аз шери арин?
Шеру гургу хирсу ҳар гӯру дада
Гирд бар гирди ту шаб гирд омада.
Менаоядшон зи ту бӯйи башар
З-анбӯҳии ишқу ваҷд андар ҷигар».
Гургу хирсу шер донад ишқ чист,
Кам зи саг бошад, ки аз ишқ ӯ амист.
Гар раги ишқе набудӣ калбро,
Кай биҷустӣ калби каҳфӣ қалбро.
Ҳам зи ҷинси ӯ ба сурат чун сагон,
Гар нашуд машҳур, ҳаст андар ҷаҳон.
Бӯ набурдӣ ту дил андар ҷинси хеш,
Кай барӣ ту бӯйи дил аз гургу меш?
Гар набудӣ ишқ, ҳастӣ кай будӣ?
Кай задӣ нон бар туву кай ту шудӣ?
Нони ту шуд, аз чӣ? З-ишқу иштиҳо
В-арна нонро кай будӣ то ҷон раҳо?
Ишқ нони мурдаро ме-ҷон кунад,
Ҷон, ки фонӣ буд, ҷовидон кунад.
Гуфт Маҷнун: «Ман наметарсам зи неш,
Сабри ман аз кӯҳи сангин ҳаст беш.
Манбалам, бе захм н-осояд танам,
Ошиқам, бар захмҳо барметанам.
Лек аз Лайлӣ вуҷуди ман пур аст,
Ин садаф пур аз сифоти он дур аст.
Тарсам, эй фассод гар фасдам кунӣ,
Нешро ногоҳ бар Лайлӣ занӣ.
Донад он ақле, ки ӯ дилравшанест,
Дар миёни Лайливу ман фарқ нест».

Страница 79/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj