Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Дар маънии ин, ки «арина-л-ашёъа камо ҳия» ва маънии ин, ки «лав кушифа-л-ғитоъу мо аздадту яқинан ва қавлуҳу»:

Дар ҳар кӣ ту аз дидаи бад менигарӣ,
Аз чанбараи вуҷуди х(в)ад менигарӣ.

Пояи каж каж афганад соя


Эй хурӯсон, аз вай омӯзед бонг,
Бонг баҳри Ҳақ кунад, на баҳри донг.
Субҳи козиб ояду нафребадаш,
Субҳи козиб оламу неку бадаш.
Аҳли дунё ақли ноқис доштанд,
То ки субҳи содиқаш пиндоштанд.
Субҳи козиб корвонҳоро задаст,
Ки ба бӯйи рӯз берун омадаст.
Субҳи козиб халқро раҳбар мабод,
К-ӯ диҳад бас корвонҳоро ба бод.
Эй шуда ту субҳи козибро раҳин,
Субҳи содиқро ту козиб ҳам мабин.
Гар надорӣ аз нифоқу бад амон,
Аз чӣ дорӣ бар бародар зан(н) ҳамон?
Бадгумон бошад ҳамеша зишткор,
Номаи худ хонад андар ҳаққи ёр.
Он хасон, ки дар кажиҳо мондаанд,
Анбиёро соҳиру каж хондаанд
В-он амирони хасиси қалбсоз
Ин гумон бурданд бар ҳуҷрай Аёз
К-ӯ дафина дораду ганҷ андар он,
З-ойинай худ мангар андар дигарон.
Шоҳ медонист худ покии ӯ,
Баҳри эшон кард ӯ он ҷустуҷӯ.
К-эй амир, он ҳуҷраро бигшой дар
Нимшаб, ки бошад ӯ з-он бехабар.
То падид ояд сиголишҳои ӯ,
Баъд аз он бар мост молишҳои ӯ.
Мар шуморо додам он зарру гуҳар,
Баъд аз он зарҳо нахоҳам ҷуз хабар.
Ин ҳамегуфту дили ӯ метапид,
Аз барои он Аёзи бенадид
Ки манам, к-ин бар забонам меравад?
Ин ҷафо, гар бишнавад ӯ, чун шавад?
Боз мегӯяд: «Ба ҳаққи дини ӯ,
Ки аз ин афзун бувад тамкини ӯ.
Ки ба қазфи зишти ман тайра шавад
В-аз ғараз в-аз сирри ман ғофил бувад.
Мубтало чун дид таъвилоти ранҷ,
Бурд бинад, кай шавад ӯ моти ранҷ?
Соҳиби таъвил Аёзи собир аст,
К-ӯ ба баҳри оқибатҳо нозир аст.
Ҳамчу Юсуф, хоби ин зиндониён
Ҳаст таъбираш ба пеши ӯ аён.
Хоби худро чун надонад марди хайр?
К-ӯ бувад воқиф зи сирри хоби ғайр.
Гар занам сад теғ ӯро з-имтиҳон,
Кам нагардад васлати он меҳрубон.
Донад ӯ, к-он теғ бар худ мезанам,
Ман вайам андар ҳақиқат, ӯ манам».

Страница 78/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj