Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Не диво, что стремлюсь я в край родной: Ведь родина, как жизнь, душе близка. Прольют на море дождик проливной, Из моря же взяв воду, облака. Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

«Фимо юрҷо мин раҳматуллоҳи таъоло муътийа-н-ниъам қабла-стеҳқоқиҳо ва ҳува-ллазӣ юназзилу-л-ғайса мин баъди мо қанату ва рубба буъдин юрису қурбан ва рубба маъсиятин маймунатин ва рубба саъодатин таъти мин ҳайсу юрҷа-н-ниқаму лиюълама анналлоҳа юбаддилу саййиотиҳим ҳасанотин»

Дар ҳадис омад, ки рӯзи растахез
Амр ояд ҳар яке танро, ки хез.
Нафхи сур амр аст аз Яздони пок,
Ки бароред, эй зароир сар зи хок.
Боз ояд ҷони ҳар як дар бадан,
Ҳамчу вақти субҳ, ҳуш ояд ба тан.
Ҷон тани худро шиносад вақти рӯз,
Дар хароби худ дарояд чун кунуз.
Ҷисми худ бишносаду дар вай равад,
Ҷони заргар сӯйи дарзӣ кай равад?
Ҷони олим сӯйи олим меравад,
Рӯҳи золим сӯйи золим меравад,
Ки шиносо кардашон илми Илоҳ,
Чунки барра-в меш вақти субҳгоҳ.
Пой кафши худ шиносад дар зулам,
Чун надонад ҷон тани худ? Эй санам!
Субҳ ҳашри кӯчак аст, эй мустаҷир!
Ҳашри акбарро қиёс аз вай бигир.
Ончунон ки ҷон бипаррад сӯйи тин,
Нома паррад то ясору то ямин.
Дар кафаш бинҳанд номай бухлу ҷуд,
Фисқу тақво он чӣ дӣ хӯ карда буд.
Чун шавад бедор аз хоб ӯ саҳар,
Боз ояд сӯйи ӯ он хайру шар.
Гар риёзат дода бошад хӯйи хеш,
Вақти бедорӣ ҳамон ояд ба пеш
В-ар буд ӯ дӣ хому зишту дар залол,
Чун азо, номи сияҳ ёбад шамол.
В-ар буд ӯ дӣ поку ботақвову дин,
Вақти бедорӣ барад дурри самин.
Ҳаст моро хобу бедории мо,
Бар нишони маргу маҳшар ду гуво.
Ҳашри асғар ҳашри акбарро намуд,
Марги асғар марги акбарро зудуд.
Лек ин нома хаёл асту ниҳон
В-он шавад дар ҳашри акбар бас аён.
Ин хаёл ин ҷо ниҳон, пайдо асар,
З-ин хаёл он ҷо бирӯёнад сувар.
Дар муҳандис бин хаёли хонае,
Дар дилаш чун дар замине донае.
Он хаёл аз андарун ояд бурун,
Чун замин, ки зояд аз тухми дарун.
Ҳар хаёле, к-ӯ кунад дар дил ватан,
Рӯзи маҳшар сурате хоҳад шудан.
Чун хаёли он муҳандис дар замир,
Чун набот андар замини донагир.
Махласам з-ин ҳар ду маҳшар қиссаест,
Мӯъминонро дар баёнаш ҳиссаест.
Чун барояд офтоби растахез,
Барҷаҳанд аз хок зишту хуб тез.
Сӯйи девони қазо пӯён шаванд,
Нақди неку бад ба кӯра мераванд.
Нақди некӯ шодмону ноз-ноз,
Нақди қалб андар заҳиру дар гудоз.
Лаҳза-лаҳза имтиҳонҳо мерасад,
Сирри дилҳо менамояд дар ҷасад.
Чун зи қандил оби равған гашта фош,
Ё чу хоке, ки бирӯяд сиррҳош.
Аз пиёзу ганданову кӯкнор
Сирри дай пайдо кунад дасти баҳор.
Он яке сарсабз, наҳну-л-муттақун
В-он дигар ҳамчун бунафша сарнигун.
Чашмҳо берун ҷаҳида аз хатар,
Гашта даҳ чашма зи бими мустақар.
Бозмонда дидаҳо дар интизор,
То ки нома н-ояд аз сӯйи ясор.
Чашм гардон сӯйи росту сӯйи чап,
З-он ки набвад бахти номай рост зап.
Номае ояд ба дасти бандае,
Сар сияҳ аз ҷурму фисқ огандае.
Андар ӯ як хайру як тавфиқ на,
Ҷуз ки озори дили сиддиқ на,
Пур зи сар то пой зиштиву гуноҳ,
Тасхуру хунбак задан бар аҳли роҳ.
Он дағалкориву дуздиҳои ӯ
В-он чу фиръавнон ано в-иннои ӯ.
Чун бихонад номаи худ он сақил,
Донад ӯ, ки сӯйи зиндон шуд раҳил.
Пас равон гардад чу дуздон сӯйи дор,
Ҷурм пайдо, баста роҳи эътизор.
Он ҳазорон ҳуҷҷату гуфтори бад
Бар даҳонаш гашта чун мисмори бад.
Рахти дуздӣ бар тану дар хонааш
Гашта пайдо, гум шуда афсонааш.
Пас равон гардад ба зиндони саъир,
Ки набошад хорро з-оташ гузир.
Чун муваккал он малоик пешу пас,
Буда пинҳон, гашта пайдо чун асас.
Мебарандаш, месипӯзандаш ба неш,
Ки бирав, эй саг ба каҳдонҳои хеш.
Мекашад по бар сари ҳар роҳ ӯ,
То бувад, ки барҷаҳад з-он чоҳ ӯ.
Мунтазир меистад, тан мезанад,
Дар умеде рӯй вопас мекунад.
Ашк меборад чу борони хазон,
Хушк уммеде, чӣ дорад ӯ ҷуз он?
Ҳар замоне рӯй вопас мекунад,
Рӯ ба даргоҳи муқаддас мекунад.
Пас зи Ҳақ амр ояд, аз иқлими нур,
Ки бигӯедаш, ки эй баттоли ур!
Интизори чистӣ? Эй кони шар!
Рӯ чӣ вопас мекунӣ? Эй хирасар!
Номаат он аст, к-ит омад ба даст,
Эй худоозору эй шайтонпараст!
Чун бидидӣ номаи кирдори хеш,
Чӣ-нгарӣ пас? Бин ҷазои кори хеш.
Беҳуда чӣ мул-муле мезанӣ?
Дар чунин чаҳ, ку умеди равшанӣ?
На туро аз рӯйи зоҳир тоате,
На туро дар сирру ботин нийяте.
На туро шабҳо муноҷоту қиём,
На туро дар рӯз парҳезу сиём.
На туро ҳифзи забон з-озори кас,
На назар кардан ба ибрат пешу пас.
Пеш чӣ бвад? Ёди маргу назъи хеш,
Пас чӣ бошад? Мурдани ёрон зи пеш.
На туро бар зулм тавбай пурхурӯш,
Эй дағо, гандумнамои ҷавфурӯш!
Чун тарозуи ту каж буду дағо,
Рост чун ҷӯйӣ тарозуи ҷазо?
Чунки пойи чап будӣ дар ғадру кост,
Нома чун ояд туро дар дасти рост?
Чун ҷазо сояст, эй қадди ту хам,
Сояи ту каж фитад дар пеши ҳам».
З-ин қабил ояд хитоботи дурушт,
Ки шавад кӯҳро аз он ҳам кӯж пушт.
Банда гӯяд: «Он чӣ фармудӣ баён,
Садчунонам, садчунонам, садчунон.
Худ ту пӯшидӣ батарҳоро ба ҳилм
В-арна медонӣ фазеҳатҳо ба илм.
Лек берун аз ҷиҳоду феъли хеш,
Аз варои хайру шарру куфру кеш
В-аз ниёзи оҷизонай хештан
В-аз хаёлу ваҳми ман, ё сад чу ман.
Будам уммеде ба маҳзи луфти ту,
Аз варои рост бошӣ, ё уту.
Бахшиши маҳзе зи лутфи беиваз,
Будам уммед, эй карими беғараз!
Рӯ сипас кардам бад-он маҳзи карам,
Сӯйи феъли хештан менангарам.
Сӯйи он уммед кардам рӯйи хеш,
Ки вуҷудам додаӣ аз пеш-пеш.
Хилъати ҳастӣ бидодӣ ройгон,
Ман ҳамеша мӯътамад будам бар он».
Чун шуморад ҷурми худрову хато,
Маҳзи бахшоиш дарояд дар ато.
К-эй малоик, боз оредаш ба мо,
Ки будасташ чашми дил сӯйи раҷо.
Лоуболивор озодаш кунем
В-он хатоҳоро ҳама хат барзанем.
Лоуболӣ мар касеро шуд мубоҳ,
К-иш зиён набвад зи ғадру аз салоҳ.
Оташе хуш барфурӯзем аз карам,
То намонад ҷурму заллат бешу кам.
Оташе, к-аз шӯълааш камтар шарор
Мебисӯзад ҷурму ҷабру ихтиёр.
Шӯъла дар бунгоҳи инсонӣ занем,
Хокро гулзори рӯҳонӣ кунем.
Мо фиристодем аз чархи нӯҳум
Кимиё, юслиҳ лакум аъмолакум».
Худ чӣ бошад пеши нури мустақар
Карру фарри ихтиёри Булбашар?
Гӯштпора олати гӯёи ӯ,
Пиҳпора манзари бинои ӯ.
Масмаъи ӯ он ду пора устухон,
Мадракаш ду қатра хун, яъне ҷанон.
Кирмакеву аз қазар огандае,
Тумтуроқе, дар ҷаҳон афгандае.
Аз манӣ будӣ, маниро вогузор,
Эй Аёз, он пӯстинро ёд дор.

Страница 73/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj