Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Дар баёни вахомати чарбу ширини дунё ва монеъ шудани ӯ аз таъомуллоҳ, чунон ки фармуд: «Ал-ҷӯъу таъомуллоҳ юҳйӣ биҳи абдона-с-сиддиқин, ай фи-л-ҷӯъи таъомуллоҳ ва қавлуҳу абиту инда раббӣ ютъумунӣ ва ясқинӣ ва қавлуҳу юрзақуна фариҳин»

Вораҳӣ з-ин рӯзии резай касиф,
Дар фато дар луту дар қути шариф.
Гар ҳазорон ратл луташ мех(в)арӣ,
Меравӣ поку сабук ҳамчун парӣ.
Ки на ҳабси боду қуланҷат кунад,
Чормехи меъда оҳанҷат кунад.
Гар хурӣ кам, гурсна монӣ чу зоғ
В-ар хурӣ пур, гирад оруғат димоғ.
Камхурӣ хӯйи баду хушкиву дақ,
Пурхурӣ шуд тухмаро тан мустаҳақ.
Аз таъомуллоҳу қути хушгувор
Бар чунон дарё чу киштӣ шав савор.
Бош дар рӯза шикебову мусирр,
Дам ба дам қути Худоро мунтазир.
К-он Худои хубкори бурдбор
Ҳадяҳоро медиҳад дар интизор.
Интизори нон надорад марди сер,
Ки сабук ояд вазифа, ё ки дер.
Бенаво ҳар дам ҳамегӯяд, ки ку?
Дар муҷоат мунтазир, дар ҷустуҷӯ.
Чун набошӣ мунтазир, н-ояд ба ту
Он наволай давлати ҳафтодтӯ.
Эй падар! Ал-интизор! Ал-интизор!
Аз барои хони боло, мардвор.
Ҳар гурусна оқибат қуте биёфт,
Офтоби давлате бар вай битофт.
Зайфи боҳиммат чу з-оше кам х(в)арад,
Соҳиби хон оши беҳтар оварад.
Ҷуз ки соҳибхони дарвешӣ лаъим,
Занни бад кам бар ба раззоқи карим.
Сар баровар ҳамчу кӯҳе, эй санад,
То нахустин нури хур бар ту занад.
К-он сари кӯҳи баланди мустақир,
Ҳаст хуршеди саҳарро мунтазир.

Страница 71/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj