Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҷавоб омадан, ки он ки назари ӯ бар асбоб ва маразу захм наёяд, бар кори ту, Азройил! Ҳам наёяд, ки ту ҳам сабабӣ, агарчи махфитарӣ аз он сабабҳо ва бувад, ки бар он ранҷур махфӣ набошӣ. «Ва ҳува ақрабу илайҳи минкум ва локин ло тубсирун»

Гуфт Яздон: «Он ки бошад аслдон,
Пас, туро кай бинад ӯ андар миён?
Гарчи хеш аз ома пинҳон кардаӣ,
Пеши равшандидагон ҳам пардаӣ.
В-он гаҳ эшонро шакар бошад аҷал,
Чун назаршон маст бошад дар дувал.
Талх набвад пеши эшон марги тан,
Чун раванд аз чоҳу зиндон дар чаман.
Вораҳиданд аз ҷаҳони печ-печ,
Кас нагирад бар фавоти ҳеч-ҳеч».
Бурҷи зиндонро шикаст арконие,
Ҳеч аз ӯ ранҷад дили зиндоние?
К-эй дареғ ин санги мармарро шикаст,
То равону ҷони мо аз ҳабс раст.
Он рухоми хубу он санги шариф
Бурҷи зиндонро баҳӣ буду алиф.
Чун шикасташ, то ки зиндонӣ бираст?
Дасти ӯ дар ҷурми ин бояд шикаст.
Ҳеч зиндонӣ нагӯяд ин фишор
Ҷуз касе, к-аз ҳабс орандаш ба дор.
Талх кай бошад касеро, к-иш баранд,
Аз миёни заҳри морон сӯйи қанд?
Ҷон муҷаррад гашта аз ғавғои тан,
Мепарад бо парри дил, бе пойи тан.
Ҳамчу зиндонии чаҳ, к-андар шабон
Хуспаду бинад ба хоб ӯ гулситон.
Гӯяд: «Эй Яздон, маро дар тан мабар,
То дар ин гулшан кунам ман карру фар».
Гӯядаш Яздон: «Дуъо шуд мустаҷоб,
Вомарав». Валлоҳу аълам биссавоб!
Инчунин хобе бибин, чун хуш бувад,
Марг нодида ба ҷаннат дарравад.
Ҳеч ӯ ҳасрат хурад бар интибоҳ,
Бар тани бо силсила дар қаъри чоҳ?
Мӯъминӣ, охир даро дар саффи разм,
Ки туро дар осмон будаст базм.
Бар умеди роҳи боло кун қиём,
Ҳамчу шамъе пеши меҳроб, эй ғулом!
Ашк мебору ҳамесӯз аз талаб
Ҳамчу шамъи сарбурида ҷумла шаб.
Лаб фурӯ банд аз таому аз шароб,
Сӯйи хони осмонӣ кун шитоб.
Дам ба дам бар осмон медор умед
Дар ҳавои осмон рақсон чу бед.
Дам ба дам аз осмон меоядат
Обу оташ, ризқ меафзоядат.
Гар туро он ҷо барад, набвад аҷаб,
Мангар андар аҷзу бингар дар талаб.
К-ин талаб дар ту гаравгони Худост,
З-он ки ҳар толиб ба матлубе сазост.
Ҷаҳд кун, то ин талаб афзун шавад,
То дилат з-ин чоҳи тан берун шавад.
Халқ гӯяд: «Мурд мискин он фалон»,
Ту бигӯйӣ: «Зиндаам, эй ғофилон!»
Гар тани ман ҳамчу танҳо хуфтааст,
Ҳашт ҷаннат дар дилам бишкуфтааст.
Ҷон чу хуфта дар гулу насрин бувад,
Чӣ ғам аст ар тан дар он саргин бувад?
Ҷони хуфта чӣ хабар дорад зи тан?
К-ӯ ба гулшан хуфт, ё дар гӯлхан?
Мезанад ҷон дар ҷаҳони обгун,
Наъраи «ё лайта қавмӣ яъламун».
Гар нахоҳад зист ҷон бе ин бадан,
Пас, фалак айвони кӣ хоҳад будан?
Гар нахоҳад бебадан ҷони ту зист,
«Фи-с-самои ризқукум» рӯзии кист?

Страница 70/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj