Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Баёни он ки махлуқ, ки туро аз ӯ зулме расад, ба ҳақиқати ӯ ҳамчун олатест. Ориф он бувад, ки ба Ҳақ руҷӯъ кунад, на ба олат ва агар ба олат руҷӯъ кунад, ба зоҳир, на аз ҷаҳл кунад, балки барои маслиҳате, чунонки Абоязид қаддасаллоҳу сирраҳу гуфт, ки чандин сол аст, ки ман бо махлуқ сухан нагуфтаам ва аз махлуқ сухан нашнидаам, валекин халқ чунин пиндоранд, ки бо эшон сухан мегӯям ва аз эшон мешунавам, зеро эшон мухотиби акбарро намебинанд, ки эшон чун садоанд ӯро нисбат ба ҳоли ман, илтифоти мустамеъи оқил ба садо набошад, чунонки масал аст маъруф «қола-л-ҷидору лилватади лима ташуққунӣ? Қола-л-ватаду анзур ало ман ядуққунӣ»

Аҳмақона аз синон раҳмат маҷӯ,
З-он шаҳе ҷӯ, к-он бувад дар дасти ӯ.
Бо синону теғ лоба чун кунӣ?
К-ӯ асир омад ба дасти он санӣ.
ӯ ба санъат озар асту ман санам,
Олате, к-ӯ созадам, ман он шавам.
Гар маро соғар кунад, соғар шавам
В-ар маро ханҷар кунад, ханҷар шавам.
Гар маро чашма кунад, обе диҳам
В-ар маро оташ кунад, тобе диҳам.
Гар маро борон кунад, хирман диҳам
В-ар маро новак кунад, дар тан ҷаҳам.
Гар маро море кунад, заҳр афганам
В-ар маро ёре кунад, хидмат кунам.
Ман чу килкам дар миёни исбаъайн,
Нестам дар саффи тоат байн-байн.
Хокро машғул кард ӯ дар сухан,
Як кафе бирбуд аз он хоки куҳан.
Соҳирона даррабуд аз хокдон,
Хок машғули сухан чун бехудон.
Бурд то Ҳақ турбати беройро,
То ба мактаб он гурезонпойро.
Гуфт Яздон, ки ба илми равшанам,
Ки туро ҷаллоди ин халқон кунам.
Гуфт: «Ё раб душманам гиранд халқ,
Чун фишорам халқро дар марг ҳалқ?
Ту раво дорӣ, Худованди санӣ,
Ки маро мабғузу душманрӯ кунӣ?»
Гуфт: «Асбобе падид орам аён,
Аз табу қуланҷу сарсому синон.
Ки бигардонам назаршонро зи ту,
Дар маразҳову сабабҳои сетӯ».
Гуфт: «Ё раб бандагон ҳастанд низ,
Ки сабабҳоро бидарранд, эй азиз!
Чашмашон бошад гузора аз сабаб,
Даргузашта аз ҳуҷуб аз фазли Раб.
Сурмаи тавҳид аз каҳҳоли ҳол
Ёфта, раста зи иллат в-эътилол.
Нангаранд андар табу қуланҷу сил,
Роҳ надҳанд ин сабабҳоро ба дил.
З-он ки ҳар як з-ин маразҳоро давост,
Чун даво напзирад он феъли қазост.
Ҳар мараз дорад даво, медон яқин,
Чун давои ранҷи сармо, пӯстин.
Чун Худо хоҳад, ки марде бифсурад,
Сардӣ аз сад пӯстин ҳам бигзарад.
Дар вуҷудаш ларзае бинҳад, ки он
На ба ҷома беҳ шавад, на-з ошён.
Чун қазо ояд, табиб аблаҳ шавад
В-он даво дар нафъ ҳам гумраҳ шавад.
Кай шавад маҳҷуб идроки басир?
З-ин сабабҳои ҳиҷоби гӯлгир.
Асл бинад дида, чун акмал бувад,
Фаръ бинад, чунки мард аҳвал бувад.

Страница 69/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj