Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Фиристодан Микойилро алайҳиссалом ба қабзи ҳафнаи хок аз замин, ҷиҳати таркиби тартиби ҷисми мубораки Абулбашар халифатулҳақ, масҷудулмалак ва муаллимуҳум Одам алайҳиссалом

Гуфт Микойилро: «Ту рав ба зер,
Мушти хоке даррабо аз вай чу шер».
Чунки Микойил шуд то хокдон,
Даст кард ӯ, то ки бирбояд аз он.
Хок ларзиду даромад дар гурез,
Гашт ӯ лобакунону ашкрез.
Синасӯзон лоба карду иҷтиҳод,
Бо сиришки пур зи хун савганд дод.
Ки ба Яздони латифи бенадид,
Ки бикардат ҳомили арши маҷид.
Кайли арзоқи ҷаҳонро мушрифӣ,
Ташнагони фазлро ту муғрифӣ.
З-он ки Микойил аз кайл иштиқоқ
Дораду кайёл шуд дар иртизоқ,
Ки амонам деҳ, маро озод кун,
Бин, ки хунолуд мегӯям сухун.
Маъдани раҳми Илоҳ омад малак,
Гуфт: «Чун резам бар он реш ин намак?»
Ҳамчунон, ки маъдани қаҳр аст дев,
Ки баровард аз банӣ Одам ғирев.
Сабқи раҳмат бар ғазаб буд, эй фато,
Лутф ғолиб буд дар васфи Худо.
Бандагон доранд лобуд хӯйи ӯ,
Машкҳошон пур зи оби ҷӯйи ӯ.
ӯ расули Ҳақ, қаловузи сулук,
Гуфт: «Ан-носу ало дини мулук».
Рафт Микойил сӯйи рабби дин,
Холӣ аз мақсуд дасту остин,
Гуфт: «Эй донои сирру шоҳи фард,
Хокам аз зориву гиря баста кард.
Оби дида пеши ту боқадр буд,
Ман натонистам, ки орам ношунуд.
Оҳу зорӣ пеши ту бас қадр дошт,
Ман натонистам ҳуқуқи он гузошт.
Пеши ту бас қадр дорад чашми тар,
Ман чӣ гуна гаштаме истезагар?»
Даъвати зорист рӯзе панҷ бор
Бандаро, ки дар намоз ову бизор.
Наъраи муъзин, ки «ҳаййа ал фалоҳ»
В-он «фалоҳ» ин зорӣ асту иқтироҳ.
Он ки хоҳӣ, к-аз ғамаш хаста кунӣ,
Роҳи зорӣ бар дилаш баста кунӣ.
То фурӯ ояд бало бедофиъе,
Чун набошад аз тазаррӯъ шофиъе
В-он ки хоҳӣ, к-аз балояш вохарӣ,
Ҷони ӯро дар тазаррӯъ оварӣ.
Гуфтаӣ андар нубӣ, к-он умматон,
Ки бар эшон омад он қаҳри гарон
Чун тазаррӯъ менакарданд он нафас?
То бало з-эшон бигаштӣ бозпас.
Лек дилҳошон чу қосӣ гашта буд,
Он гунаҳҳошон ибодат менамуд.
То надонад хешро муҷрим, анид,
Об аз чашмаш куҷо донад давид?

Страница 65/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj