Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Не диво, что стремлюсь я в край родной: Ведь родина, как жизнь, душе близка. Прольют на море дождик проливной, Из моря же взяв воду, облака. Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Достони он канизак, ки бо хари хотун шаҳват меронд ва ӯро чун бузу хирс омӯхта буд шаҳват рондан одамиёна ва кадуе дар қазиби хар мекард, то аз андоза нагузарад. Хотун бар он вуқуф ёфт, локин дақиқаи кадуро надид. Канизакро ба баҳона ба роҳ кард ҷойе дур ва бо хар ҷамъ шуд бекаду ва ҳалок шуд ба фазиҳат. Канизак бегоҳ бозомад ва навҳа кард, ки эй ҷонам ва эй чашми равшанам, кер дидӣ, каду надидӣ, закар дидӣ, он дигар надидӣ. «Куллу ноқисин малъунун», яъне «куллу назарин ва фаҳмин ноқисин малъунун» ва агар на ноқисони зоҳири ҷисм марҳуманд, малъун наянд, бархон: «лайса ала-л-аъмо ҳараҷун», нафйи харҷ кард ва нафйи лаънат ва нафйи итоб ва ғазаб

Як канизак як харе бар худ фиганд
Аз вуфури шаҳвату фарти газанд.
В-он хари нарро ба гон хӯ карда буд,
Хар ҷимоъи одамӣ пай бурда буд.
Як кадуе буд ҳилатсозаро,
Дар нара-ш кардӣ пайи андозаро.
Дар закар кардӣ кадуро он аҷуз,
То равад ними закар вақти супуз.
Гар ҳама кери хар андар вай равад,
Он раҳим в-он рӯдаҳо вайрон шавад.
Хар ҳамешуд лоғару хотуни ӯ
Монда оҷиз, к-аз чӣ шуд ин хар чу мӯ?
Наълбандонро намуд он хар, ки чист
Иллати ӯ, ки натиҷаш лоғарист?
Ҳеч иллат андар ӯ зоҳир нашуд,
Ҳеч кас аз сирри он мухбир нашуд.
Дар тафаҳҳус андар афтод ӯ ба ҷидд,
Шуд тафаҳҳусро дамодам мустаъидд.
Ҷиддро бояд, ки ҷон банда бувад,
З-он ки ҷид ҷӯянда ёбанда бувад.
Чун тафаҳҳус кард аз ҳоли ишак,
Дид хуфта зери хар он наргисак.
Аз шикофи дар бидид он ҳолро,
Бас аҷаб омад аз он он золро.
Хар ҳамегояд канизакро чунон,
Ки ба ақлу расм мардон бо занон.
Дар ҳасад шуд, гуфт: «Чун ин мумкин аст,
Пас ман авлотар, ки хар милки ман аст.
Хар муҳаззаб гаштаву омӯхта,
Хон ниҳодасту чароғ афрӯхта».
Кард нодида-в дари хона бикӯфт,
К-эй канизак, чанд хоҳӣ хона рӯфт?
Аз пайи рӯпӯш мегуфт ин сухун,
К-эй канизак, омадам дар боз кун.
Кард хомӯшу канизакро нагуфт,
Розро аз баҳри тамъи худ ниҳуфт.
Пас канизак ҷумла олоти фасод
Кард пинҳон, пеш шуд, дарро гушод.
Рӯ туруш карду ду дида пур зи нам,
Лаб фурӯ молид, яъне: соимам.
Дар кафи ӯ нармаҷорӯбе, ки ман
Хонаро мерӯфтам баҳри атан.
Чунки бо ҷорӯб дарро вогушод,
Гуфт хотун зери лаб, к-эй устод!
Рӯ туруш кардиву ҷорӯбе ба каф!
Чист он хар баргусаста аз алаф?
Нимкора-в хашмгин, ҷунбон закар,
З-интизори ту ду чашмаш сӯйи дар.
Зери лаб гуфт ин, ниҳон кард аз каниз,
Дошташ он дам чу беҷурмон азиз.
Баъд аз он гуфташ, ки чодар неҳ ба сар,
Рав фалон хона, зи ман пайғом бар.
Инчунин гӯ в-ин чунин кун в-он чунон,
Мухтасар кардам ман афсонай занон.
Он чӣ мақсуд аст, мағзи он бигир,
Чун ба роҳаш кард он золи сатир,
Буд аз мастии шаҳват шодмон,
Дар фурӯ басту ҳамегуфт он замон:
Ёфтам хилват, занам аз шукр бонг,
Растаам аз чордонгу аз дудонг.
Аз тараб гашта бузони зан ҳазор,
Дар шарори шаҳвати хар беқарор.
Чӣ бузон? К-он шаҳват ӯро буз гирифт,
Буз гирифтан гичро набвад шигифт.
Майли шаҳват кар кунад дилрову кӯр,
То намояд хар чу Юсуф, нор нур.
Эй басо сармасти нору норҷӯ,
Хештанро нури мутлақ донад ӯ,
Ҷуз магар бандай Худо, ё ҷазби Ҳақ,
Бо раҳаш орад, бигардонад варақ.
То бидонад, к-он хаёли нория,
Дар тариқат нест илло ория.
Зиштҳоро хуб бинмояд шараҳ,
Нест чун шаҳват батар з-офоти раҳ.
Садҳазорон номи хушро кард нанг,
Садҳазорон зираконро кард данг.
Чун хареро Юсуфи Мисрӣ намуд,
Юсуферо чун намояд он ҷуҳуд?
Бар ту саргинро фусунаш шаҳд кард,
Шаҳдро худ чун кунад вақти набард?
Шаҳват аз хӯрдан бувад, кам кун зи х(в)ар,
Ё никоҳе кун, гурезон шав зи шар.
Чун бихӯрдӣ, мекашад сӯйи ҳарам,
Дахлро харҷе бибояд лоҷарам.
Пас никоҳ омад чу «ло ҳавла вало»,
То ки деват нафганад андар бало.
Чун ҳариси хӯрданӣ, зан хоҳ зуд
В-арна омад гурбаву дунба рабуд.
Бори сангӣ бар харе, ки меҷаҳад,
Зуд барнеҳ, пеш аз он, к-ӯ барниҳад.
Феъли оташро намедонӣ ту бард,
Гирди оташ бо чунин дониш магард.
Илми дегу оташ ар набвад туро,
Аз шарар на дег монад, на або.
Об ҳозир бояду фарҳанг низ,
То пазад он деги солим дар азиз.
Чун надонӣ дониши оҳангарӣ,
Ришу мӯ сӯзад, чу он ҷо бигзарӣ.
Дар фурӯ баст он зану харро кашид
Шодмона, лоҷарам кайфар чашид.
Дар миёни хона овардаш кашон,
Хуфт андар зери он нархар ситон.
Ҳам бар он курсӣ, ки дид ӯ аз каниз,
То расад дар коми худ он қаҳба низ.
По бароварду хар андар вай сипӯхт,
Оташе аз кери хар дар вай фурӯхт.
Хар муҳаззаб гашта дар хотун фишурд
То ба хоя, дарзамон хотун бимурд.
Бардарид аз захми кери хар ҷигар,
Рӯдаҳо бискуста шуд аз ҳамдигар.
Дам назад, дарҳол он зан ҷон бидод,
Курсӣ аз як сӯ, зан аз як сӯ фитод.
Саҳни хона пур зи хун шуд, зан нигун,
Мурд ӯву бурд ҷон раббулманун.
Марги бад, бо сад фазеҳат, эй падар,
Ту шаҳиде дидайӣ аз кери хар?
Ту азобулхизй бишнав аз нубо,
Дар чунин нанге макун ҷонро фидо.
Дон, ки ин нафси баҳимӣ нархар аст,
Зери ӯ будан аз он нангинтар аст.
Дар раҳи нафс ар бимирӣ дар манӣ,
Ту ҳақиқат дон, ки мисли он занӣ.
Нафси моро сурати хар бидҳад ӯ,
З-он ки суратҳо кунад бар вифқи хӯ.
Ин бувад изҳори сир дар растахез,
Аллаҳ, аллаҳ аз тани чун хар гурез.
Кофиронро бим кард Эзид зи нор,
Кофирон гуфтанд: «Нор авло зи ор».
Гуфт: «Не, он нор асли орҳост,
Ҳамчу ин норе, ки ин занро бикост.
Луқма андоза нахӯрд аз ҳирси х(в)ад,
Дар гулӯ бигрифт луқмай марги бад».
Луқма андоза хур, эй марди ҳарис!
Гарчи бошад луқма ҳалвову хабис.
Ҳақ таъоло дод мизонро забон,
Ҳин, зи Қуръон сураи «Раҳмон» бихон.
Ҳин, зи ҳирси хеш мизонро маҳил,
Озу ҳирс омад туро хасми музил.
Ҳирс ҷӯяд кул, барояд ӯ зи кулл,
Ҳирс мапраст, эй фуҷулл ибни-л-фуҷул.
Он канизак мешуду мегуфт: «Оҳ,
Кардӣ, эй хотун, ту усторо ба роҳ.
Кори беустод хоҳӣ сохтан,
Ҷоҳилона ҷон бихоҳӣ бохтан.
Эй зи ман дуздида илме нотамом,
Нангат омад, ки бипурсӣ ҳоли дом?
Ҳам бичидӣ дона мурғ аз хирманаш,
Ҳам наяфтодӣ расан дар гарданаш».
Дона камтар хур, макун чандин руфӯ,
Чун «кулу» хондӣ, бихон «ло тусрифу».
То хурӣ дона, наяфтӣ ту ба дом,
Ин кунад илму қаноат, вассалом.
Неъмат аз дунё хурад оқил, на ғам,
Ҷоҳилон маҳрум монда дар надам.
Чун дарафтад дар гулӯшон ҳабли дом,
Дона хӯрдан гашт бар ҷумла ҳаром.
Мурғ андар дом дона кай хурад?
Дона чун заҳр аст дар дом, ар чарад.
Мурғи ғофил мехурад дона зи дом,
Ҳамчу андар доми дунё ин авом.
Боз мурғони хабири ҳушманд
Кардаанд аз дона худро хушкбанд,
К-андаруни дом, дона заҳрбост,
Кӯр он мурғе, ки дар фах дона хост.
Соҳиби дом аблаҳонро сар бурид
В-он зарифонро ба маҷлисҳо кашид.
Ки аз онҳо гӯшт меояд ба кор
В-аз зарифон бонгу нолай зеру зор.
Пас канизак омад аз ишкофи дар,
Дид хотунро бимурда зери хар.
Гуфт: «Эй хотуни аҳмақ, ин чӣ буд?
Гар туро устод худ нақше намуд.
Зоҳираш дидӣ, сараш аз ту ниҳон,
Усто ногашта бигшодӣ дукон?
Кер дидӣ ҳамчу шаҳду чун хабис,
Он кадуро чун надидӣ? Эй ҳарис!
Ё чу мустағриқ шудӣ дар ишқи хар,
Он каду пинҳон бимондат аз назар?
Зоҳири санъат бидидӣ з-устод
Устодӣ баргирифтӣ шоди шод?»
Эй басо зарроқи гӯли бевуқуф
Аз раҳи мардон надида ғайри суф.
Эй басо шӯхон зи андак эҳтироф
Аз шаҳон н-омӯхта ҷуз гуфту лоф.
Ҳар яке дар каф асо, ки Мӯсиям,
Медамад бар аблаҳон, ки Исиям.
Оҳ аз он рӯзе, ки сидқи содиқон
Бозхоҳад аз ту санги имтиҳон.
Охир аз устод боқиро бипурс,
Ё ҳарисон ҷумла кӯронанду хурс.
Ҷумла ҷустӣ, бозмондӣ аз ҳама,
Сайди гургонанд ин аблаҳ рама.
Сурате бишнида, гаштӣ тарҷумон
Бехабар аз гуфти худ чун тӯтиён.

Страница 59/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj