Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Азм кардани шоҳ, чун воқиф шуд бар он хиёнат, ки бипӯшонад ва афв кунад ва ӯро ба ӯ диҳад ва донист, ки он фитна ҷазои ӯ буд ва қасди ӯ буд ва зулми ӯ бар соҳиби Мавсил, ки «ва ман асоъа фаъалайҳо ва инна раббака лаби-л-мирсод» ва тарсидан, ки агар интиқом кашад, он интиқом ҳам бар сари ӯ ояд, чунонки ин зулму тамаъ бар сараш омад

Шоҳ бо худ омад, истиғфор кард,
Ёди ҷурму зиллату исрор кард.
Гуфт бо худ: «Он чӣ кардам бо касон,
Шуд ҷазои он ба ҷони ман расон.
Қасди ҷуфти дигарон кардам зи ҷоҳ,
Бар ман омад ону афтодам ба чоҳ.
Ман дари хонай касе дигар задам,
ӯ дари хонай маро зад лоҷарам.
Ҳар кӣ бо аҳли касон шуд фисқҷӯ,
Аҳли худро дон, ки қаввод аст ӯ.
З-он ки мисли он ҷазои он шавад,
Чун ҷазои сайиъа мислаш бувад.
Чун сабаб кардӣ, кашидӣ сӯйи хеш
Мисли онро, пас ту дайюсиву беш.
Ғасб кардам аз шаҳи Мавсил каниз,
Ғасб карданд аз ман ӯро зуд низ.
ӯ к-амини ман буду лолои ман,
Хоинаш кард он хиёнатҳои ман.
Нест вақти кингузорӣ в-интиқом
Ман ба дасти хеш кардам кори хом.
Гар кашам кина бар он миру ҳарам,
Он тааддӣ ҳам биёяд бар сарам.
Ҳамчунон, к-ин як биёмад дар ҷазо,
Озмудам, боз н-азмоям варо.
Дарди соҳибмавсилам гардан шикаст,
Ман наёрам ин дигарро низ хаст».
Дод Ҳақмон аз мукофот огаҳӣ,
Гуфт: «Ин удтум биҳи, удно биҳи».
Чун фузунӣ кардан ин ҷо суд нест,
Ғайри сабру марҳамат маҳмуд нест.
«Раббано инно заламно», саҳв рафт,
Раҳмате кун, эй раҳимиҳот зафт.
Афв кардам, ту ҳам аз ман афв кун,
Аз гуноҳи нав, зи заллоти куҳун».
Гуфт: «Акнун, эй канизак, вомагӯ,
Ин суханро, ки шунидам ман зи ту.
Бо амират ҷуфт хоҳам кард ман,
Аллаҳ, Аллаҳ з-ин ҳикоят дам мазан.
То нагардад ӯ зи рӯям шармсор,
К-ӯ яке бад карду некӯ сад ҳазор.
Борҳо ман имтиҳонаш кардаам,
Хубтар аз ту бад-ӯ биспурдаам.
Дар амонат ёфтам ӯро тамом,
Ин қазое буд ҳам аз кардаҳом».
Пас ба худ хонд он амири хешро,
Кушт дар худ чашми қаҳрандешро.
Кард бо ӯ як баҳонай дилпазир,
Ки шудастам з-ин канизак ман нафир.
З-он сабаб, к-аз ғайрату рашки каниз
Модари фарзанд дорад сад азиз.
Модари фарзандро бас ҳаққҳост,
ӯ на дархурди чунин ҷавру ҷафост.
Рашку ғайрат мебарад, хун мех(в)арад,
З-ин канизак сахт талхӣ мебарад.
Чун касеро дод хоҳам ин каниз,
Пас туро авлотар аст ин, эй азиз!
Ки ту ҷонбозӣ намудӣ баҳри ӯ,
Хуш набошад додани он ҷуз ба ту.
Ақд кардаш бо амир, ӯро супурд,
Кард хашму ҳирсро ӯ хурду мурд.

Страница 170/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj