Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҳуҷҷати мункирони охират ва баёни заъфи он ҳуҷҷат, зеро ҳуҷҷати эшон бад-ин боз мегардад, ки ғайри ин намебинем

Ҳуҷҷаташ ин аст, гӯяд ҳар даме:
«Гар будӣ чизе дигар, ҳам дидаме».
Гар набинад кӯдаке аҳволи ақл,
Оқиле ҳаргиз кунад аз ақл нақл?
В-ар набинад оқиле аҳволи ишқ,
Кам нагардад моҳи некӯфоли ишқ.
Ҳусни Юсуф дидаи ихвон надид,
Аз дили Яъқуб кай шуд нопадид?
Мар асоро чашми Мӯсо чӯб дид,
Чашми ғайбӣ афъиву ошӯб дид.
Чашми сар бо чашми сир дар ҷанг буд,
Ғолиб омад чашми сир, ҳуҷҷат намуд.
Чашми Мӯсо дасти худро даст дид,
Пеши чашми ғайб нуре буд падид.
Ин сухан поён надорад дар камол,
Пеши ҳар маҳрум бошад чун хаёл.
Чун ҳақиқат пеши ӯ фарҷу гулӯст,
Кам баён кун пеши ӯ асрори дӯст.
Пеши мо фарҷу гулӯ бошад хаёл,
Лоҷарам ҳар дам намояд ҷон ҷамол.
Ҳар киро фарҷу гулӯ ойину хӯст,
Он «лакум динун ва лӣ дин» баҳри ӯст.
Бо чунон инкор кӯтаҳ кун сухан,
Аҳмадо, кам гӯй бо габри куҳан.

Страница 166/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj