Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Васиййят кардани падар духтарро, ки худро нигаҳ дор, то ҳомила нашавӣ аз шавҳарат

Хоҷае будаст, ӯро духтаре,
Зӯҳрахадде, маҳрухе, симинбаре.
Гашт болиғ, дод духтарро ба шӯ,
Шӯ набуд андар кифоъат куфви ӯ.
Харбуза чун даррасад, шуд обнок,
Гар бинашкофӣ, талаф гашту ҳалок.
Чун зарурат буд, духтарро бидод
ӯ ба нокуфве зи тахвифи фасод.
Гуфт духтарро, к-аз ин домоди нав
Хештан парҳез кун, ҳомил машав.
К-аз зарурат буд ақди ин гадо,
Ин ғарибишморро набвад вафо.
Ногаҳон биҷҳад, кунад тарки ҳама,
Бар ту тифли ӯ бимонад мазлама».
Гуфт духтар, к-эй падар, хидмат кунам,
Ҳаст пандат дилпазиру муғтанам.
Ҳар ду рӯзе, ҳар се рӯзе он падар
Духтари худро бифармудӣ ҳазар.
Ҳомила шуд ногаҳон духтар аз ӯ,
Чун бувад ҳар ду ҷавон хотуну шӯ?
Аз падар ӯро хафӣ медошташ,
Панҷмоҳа гашт кӯдак, ё ки шаш.
Гашт пайдо, гуфт бобо: «Чист ин?
Ман нагуфтам, ки аз ӯ дурӣ гузин?
Ин васийятҳои ман худ бод буд?
Ки накардат панду ваъзам ҳеч суд».
Гуфт: «Бобо, чун кунам парҳез ман?
Оташу пунбаст бешак марду зан.
Пунбаро парҳез аз оташ куҷост?
Ё дар оташ кай ҳифоз асту туқост?»
Гуфт: «Ман гуфтам, ки сӯйи ӯ марав,
Ту пазирои мании ӯ машав.
Дар замони ҳолу инзолу х(в)ашӣ
Хештан бояд, ки аз вай даркашӣ».
Гуфт: «Кай донам, ки инзолаш кай аст,
Ин ниҳон асту ба ғоят махфӣ аст».
Гуфт: «Чашмаш чун калопеса шавад,
Фаҳм кун, к-он вақти инзолаш бувад».
Гуфт: «То чашмаш калопеса шудан
Кӯр гаштаст ин ду чашми кӯри ман».
Нест ҳар ақле, ҳақире пойдор,
Вақти ҳирсу вақти хашму корзор.

Страница 158/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj