Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Дувум бор дасту пойи амирро бӯсидан ва лоба кардани шафеъон ва ҳамсоягони зоҳид

Он шафеъон аз дами ҳайҳойи ӯ,
Чанд бӯсиданд дасту пойи ӯ.
К-эй амир, аз ту нашояд кинкашӣ,
Гар бишуд бода, ту бебода х(в)ашӣ.
Бода сармоя зи лутфи ту барад,
Лутфи об аз лутфи ту ҳасрат х(в)арад.
Подшоҳӣ кун, бибахшаш, эй раҳим,
Эй карим, ибнулкарим, ибнулкарим.
Ҳар шаробӣ бандаи ин қадду хад,
Ҷумла мастонро бувад бар ту ҳасад.
Ҳеч мӯҳтоҷи майи гулгун найӣ,
Тарк кун гулгуна, ту гулгунайӣ.
Эй рухи чун Зӯҳраат шамсу-з-зуҳо,
Эй гадои ранги ту гулгунаҳо.
Бода, к-андар хунб меҷӯшад ниҳон,
З-иштиёқи рӯйи ту ҷӯшад чунон.
Эй ҳаме дарё, чӣ хоҳӣ кард нам?
В-эй ҳама ҳастӣ, чӣ меҷӯйӣ адам?
Эй маҳи тобон, чӣ хоҳӣ кард гард?
Эй ки маҳ дар пеши рӯят рӯйзард.
Тоҷи «каррамно»-ст бар фарқи сарат,
Тавқи «аътайнока» овези барат.
Ту хушу хубиву кони ҳар х(в)ашӣ,
Ту чаро худ миннати бода кашӣ?
Ҷавҳар аст инсону чарх ӯро араз,
Ҷумла фаръу пояанду ӯ ғараз.
Эй ғуломат ақлу тадбироту ҳуш,
Чун чунинӣ, хешро арзонфурӯш?
Хидматат бар ҷумла ҳастӣ муфтараз,
Ҷавҳаре чун наҷда хоҳад аз араз?
Илм ҷӯйӣ аз кутубҳо, эй фусӯс!
Завқ ҷӯйӣ ту зи ҳалво, эй фусӯс!
Баҳри илме дар наме пинҳон шуда,
Дар се газ тан оламе пинҳон шуда.
Май чӣ бошад ё самоъу ё ҷимоъ?
То биҷӯйӣ з-ӯ нишоту интифоъ.
Офтоб аз заррае шуд вомхоҳ
Зӯҳрае аз хумрае шуд ҷомхоҳ
Ҷони бекайфе шуда маҳбуси кайф
Офтобе ҳабси уқда, ин-т ҳайф!

Страница 150/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj