Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Боз ҷавоб гуфтани он кофири ҷабрӣ он сунниро, ки ба исломаш даъват мекард ва ба тарки эътиқоди ҷабраш даъват мекард ва дароз шудани мунозира аз тарафайн, ки моддаи ишкол ва ҷавобро набуррад, илло ишқи ҳақиқӣ, ки ӯро парвои он намонд, «ва золика фазлуллоҳи юътиҳи ман яшоъ»

Кофири ҷабрӣ ҷавоб оғоз кард,
Ки аз он ҳайрон шуд он мантиқ мард.
Лек гар ман он ҷавоботу суол
Ҷумла вогӯям, бимонам з-ин мақол.
З-он муҳимтар гуфтаниҳо ҳастамон,
Ки бад-он фаҳми ту беҳ ёбад нишон.
Андаке гуфтем з-он баҳс, эй утул,
З-андаке пайдо бувад қонуни кул.
Ҳамчунин баҳс аст то ҳашри башар
Дар миёни ҷабриву аҳли қадар.
Гар фурӯ мондӣ зи дафъи хасми хеш,
Мазҳаби эшон барафтодӣ зи пеш.
Чун буруншавшон набудӣ дар ҷавоб,
Пас рамидандӣ аз он роҳи табоб.
Чунки мақзе буд давоми он равиш,
Медиҳадшон аз далоил парвариш.
То нагардад мулзам аз ишколи хасм,
То бувад маҳҷуб аз иқболи хасм.
То ки ин ҳафтоду ду миллат мудом
Дар ҷаҳон монад «ила-л-явми-л-қиём».
Чун ҷаҳони зулмат асту ғайб ин,
Аз барои соя мебояд замин.
То қиёмат монад ин ҳафтоду ду,
Кам наёяд мубтадеъро гуфтугӯ.
Иззати махзан бувад андар баҳо,
Ки бар ӯ бисёр бошад қуфлҳо.
Иззати мақсад бувад, эй мумтаҳан,
Печ-печи роҳу ақба-в роҳзан.
Иззати Каъба бувад в-он нодия,
Раҳзаний аъробу тӯли бодия.
Ҳар равиш, ҳар раҳ, ки он маҳмуд нест,
Ақбаеву монеъеву раҳзанест.
Ин равиш хасму ҳақуди он шуда,
То муқаллид дар ду раҳ ҳайрон шуда.
Сидқи ҳар ду зидд бинад дар равиш,
Ҳар фариқе дар раҳи худ хушманиш.
Гар ҷавобаш нест, мебандад ситез
Бар ҳамон дам то ба рӯзи растахез.
Ки меҳони мо бидонанд ин ҷавоб,
Гарчи аз мо шуд ниҳон ваҷҳи савоб.
Пӯзбанди васваса ишқ асту бас
В-арна кай васвосро бастаст кас.
Ошиқе шав, шоҳиде, хубе биҷӯ,
Сайди мурғобӣ ҳамекун ҷӯ ба ҷӯ.
Кай барӣ з-он об? К-он обат барад,
Кай кунӣ з-он фаҳм? Фаҳматро х(в)арад.
Ғайри ин маъқулҳо маъқулҳо
Ёбӣ андар ишқи бо фарру баҳо.
Ғайри ин ақли ту Ҳақро ақлҳост,
Ки бад-он тадбири асбоби самост,
Ки бад-ин ақл оварӣ арзоқро,
З-он дигар мафраш кунӣ атбоқро.
Чун бибозӣ ақл дар ишқи самад,
«Ашра амсол»-ат диҳад, ё ҳафтсад.
Он занон чун ақлҳо дарбохтанд,
Бар равоқи ишқи Юсуф тохтанд.
Ақлашон як дам ситад соқии умр,
Сер гаштанд аз хирад боқии умр.
Асли сад Юсуф ҷамоли зулҷалол,
Эй кам аз зан, шав фидои он ҷамол.
Ишқ буррад баҳсро, эй ҷону бас,
К-ӯ зи гуфтугӯ шавад фарёдрас.
Ҳайрате ояд зи ишқ он нутқро,
Заҳра набвад, ки кунад ӯ моҷаро,
Ки битарсад, гар ҷавобе водиҳад,
Гавҳаре аз лунҷи ӯ берун фитад.
Лаб бибандад сахт ӯ аз хайру шар,
То набояд, к-аз даҳон афтад гуҳар.
Ҳамчунон ки гуфт он ёри расул:
Чун набӣ бархондӣ бар мо фусул.
Он расули муҷтабо вақти нисор,
Хостӣ аз мо ҳузуру сад виқор.
Ончунон ки бар сарат мурғе бувад,
К-аз фавоташ ҷони ту ларзон шавад.
Пас наёрӣ ҳеч ҷунбидан зи ҷо,
То нагирад мурғи хуби ту ҳаво.
Дам наёрӣ зад, бибандӣ сурфаро,
То набояд, ки бипаррад он ҳумо
В-ар касат ширин бигӯяд ё туруш,
Бар лаб ангуште ниҳӣ, яъне хамуш!
Ҳайрат он мурғ аст, хомӯшат кунад,
Барниҳад бар дегу пурҷӯшат кунад.

Страница 136/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj