Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Сайд кардани шер он харро ва ташна шудани шер аз кӯшиш. Рафт ба чашма, то об хӯрад, то боз омадани шер ҷигарбанду дил ва гурдаро рӯбоҳ хӯрда буд, ки латифтар аст. Шер талаб кард, дилу ҷигар наёфт. Аз рӯбоҳ пурсид, ки ку дилу ҷигар? Рӯбаҳ гуфт: «Агар ӯро дилу ҷигар будӣ, ончунон сиёсате дида буд он рӯз ва ба ҳазор ҳила ҷон бурда, кай бари ту бозомадӣ?» «Лав кунно насмаъу ав наъқилу, мо кунно фӣ асҳоби-с-саъир»

Бурд харро рӯбаҳак то пеши шер,
Пора-пора кардаш он шери далер.
Танша шуд аз кӯшиш он султони дад,
Рафт сӯйи чашма, то обе хурад.
Рӯбаҳак хӯрд он ҷигарбанду дилаш,
Он замон чун фурсате шуд ҳосилаш.
Шер чун вогашт аз чашма ба х(в)ар,
Ҷуст дар хар дил, на дил буд, на ҷигар.
Гуфт рӯбаҳро: «Ҷигар ку? Дил чӣ шуд?
Ки набошад чонварро з-ин ду буд».
Гуфт: «Гар будӣ варо дил, ё ҷигар,
Кай бад-ин ҷо омадӣ бори дигар?
Он қиёмат дида буду растахез
В-он зи кӯҳ афтодану ҳавлу гурез.
Гар ҷигар будӣ варо, ё дил будӣ,
Бори дигар кай бари ту омадӣ?»
Чун набошад нури дил, дил нест он,
Чун набошад рӯҳ, ҷуз гил нест он.
Он зуҷоҷе, к-ӯ надорад нури ҷон,
Бавлу қорура-ст, қандилаш махон.
Нури мисбоҳ аст доди зулҷалол,
Санъати халқ аст он шиша-в сафол.
Лоҷарам дар зарф бошад эътидод,
Дар лаҳабҳо набвад илло иттиҳод.
Нури шаш қиндил чун омехтанд,
Нест андар нурашон аъдоду чанд.
Он ҷуҳуд аз зарфҳо мушрик шудаст,
Нур дид он мӯъмину мудрик шудаст.
Чун назар бар зарф афтад рӯҳро,
Пас ду бинад Шисрову Нӯҳро.
Ҷӯ, ки обаш ҳаст, ҷӯ худ он бувад,
Одамӣ он аст, к-ӯро ҷон бувад.
Ин на мардонанд, инҳо суратанд,
Мурдаи нонанду куштай шаҳватанд.

Страница 125/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj