|
Бозгуфтани Мӯсо, алайҳиссалом, асрори Фиръавнро ва воқеъоти ӯро «заҳра-л-ғайб», то ба хабирии Ҳақ имон оварад ё гумон барадЗ-оҳани тира ба қудрат менамуд, Воқеоте, ки дар охир хост буд. То кунӣ камтар ту он зулму бадӣ, Он ҳамедидиву баттар мешудӣ. Нақшҳои зишт хобат менамуд, Мерамидӣ з-ону он нақши ту буд. Ҳамчу он зангӣ, ки дар ойина дид Рӯйи худро зишту бар ойина рид. Ки чӣ зиштӣ! Лоиқи иниву бас, Зиштиям они ту аст, эй кӯри хас! Ин ҳадас бар рӯйи зиштат мекунӣ, Нест бар ман, з-он ки ҳастам равшанӣ. Гоҳ медидӣ лабосат сӯхта, Гаҳ даҳону чашми ту бардӯхта. Гоҳ ҳайвон қосиди хунат шуда, Гаҳ сари худро ба дандони дада. Гаҳ нигун андар миёни обрез, Гаҳ ғариқи сели хуномези тез. Гаҳ нидот омад аз ин чархи нақӣ, Ки шақиййиву шақиййиву шақӣ. Гаҳ нидот омад сареҳан аз ҷибол, Ки бирав, ҳастӣ зи асҳоби-ш-шамол. Ки нидо меомадат аз ҳар ҷамод: «То абад Фиръавн дар дӯзах фитод». З-ин батарҳо, ки намегӯям зи шарм, То нагардад табъи маъкуси ту гарм. Андаке гуфтам ба ту, эй нопазир! З-андаке донӣ, ки ман ҳастам хабир. Хештанро кӯр мекардиву мот, То наяндешӣ зи хобу воқеот. Чанд бигрезӣ? Нак омад пеши ту Кӯрии идроки макрандеши ту.
Саҳифаи 95/140 |