|
Баёни он ки тани хокии одамӣ ҳамчун оҳани некӯҷавҳар қобили ойина шудан аст, то дар ӯ ҳам дар дунё биҳишту дӯзаху қиёмат ва ғайри он муъоина бинамояд, на бар тариқи хаёлПас, чу оҳан гарчи тираҳайкалӣ, Сайқале кун, сайқале кун, сайқале. То дилат ойина гардад пурсувар, Андар ӯ ҳар сӯ малеҳе симбар. Оҳан арчи тираву бенур буд, Сайқале он тирагӣ аз вай зудуд. Сайқала дид оҳану хуш кард рӯ, То ки суратҳо тавон дид андар ӯ. Гар тани хокӣ ғализу тира аст, Сайқалаш кун, з-он ки сайқал гира аст. То дар ӯ ашколи ғайбе рӯ диҳад, Акси ҳуриву малак дар вай ҷаҳад. Сайқали ақлат бад-он додаст Ҳақ, Ки бад-ӯ равшан шавад дилро варақ. Сайқалеро бастаӣ, эй бенамоз! В-он ҳаворо кардаӣ ду даст боз. Гар ҳаворо банд бинҳода шавад, Сайқалеро даст бигшода шавад. Оҳане, к-ойинаи ғайбӣ будӣ, Ҷумла суратҳо дар ӯ мурсал шудӣ. Тира кардӣ, занг додӣ дар ниҳод, Ин бувад «ясъуна фи-л-арзи-л-фасод». То кунун кардӣ чунин, акнун макун, Тира кардӣ обро, афзун макун. Бармашӯрон, то шавад ин об соф В-андар ӯ бин моҳу ахтар дар тавоф. З-он ки мардум ҳаст ҳамчун оби ҷӯ, Чун шавад тира, набинӣ қаъри ӯ. Қаъри ҷӯ пургавҳар асту пур зи дурр, Ҳин, макун тира, ки ҳаст ӯ софи ҳурр. Ҷони мардум ҳаст монанди ҳаво, Чун ба гард омехт, шуд пардай само. Монеъ ояд ӯ зи диди офтоб, Чунки гардаш рафт, шуд софиву ноб. Бо камоли тирагӣ Ҳақ воқеъот Менамудат, то равӣ роҳи наҷот.
Саҳифаи 94/140 |